Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи сафирони Амрикову Эрон дар Бағдод


ск

Райан Крокер, сафири Иёлоти Муттаҳида дар Ироқ гуфт, дар ҷараёни музокирот бо Ҳасан Козимӣ-Қумӣ, сафири Эрон дар Бағдод аз Теҳрон тақозо кардааст, ки аз кӯмаки мусаллаҳони шиамазҳаб дар Ироқ даст бардорад.


Ӯ ҳамчунин ҳадс зад, ки шояд ҷониби Эрон баргузории боз як мулоқот бо мақомоти Иёлоти Муттаҳидаро талаб кунад.


Музокироти сафирони Иёлоти Муттаҳида ва Эрон - нахустин мулоқоти мақомоти ду кишвар дар 27 соли ахир дар Бағдод чаҳор соат идома кард ва дар он, ба гуфтаи мақомоти Ироқ, фақат масоили марбут ба таъмини амният дар ин кишвар баррасӣ шуданд.


Теҳрон ҳанӯз натоиҷи мулоқоти сафиронро ташреҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG