Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои раиси бахши кӯлобии ҲСДТ


СД

Муҳаммадсиддиқи Саид, раиси ҲСДТ дар минтақаи Кӯлоб аз вазифа истеъфо дод. Оқои Муҳаммадсиддиқ бо баргузории як нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорони маҳаллӣ номаи истеъфои худро ироъа кард.


Раиси собиқи ҲСДТ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ҳамакнун эҳтимол дорад, ба ҳизби дигаре пайвандад, ба шарте, ки аҳдофи он ҳизб ҷавобгӯ ба ормонҳои инфиродии ӯ бошад. Ӯ гуфт, ба шахсияти Раҳматулло Зоиров, ҳамчун ба як фарди донишманд ягон нотавонбинӣ надорад, вале ҳамчун фарди меҳангаро худро тарафдори президенти кишвар медонад ва агар рӯзе ҳизби миллӣ созмон дода шавад, узви ҳамон ҳизб мешавад.


Вале Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, роҷеъ ба истеъфои яке аз пешвоёни ҳизбаш изҳори беиттилоъотӣ карда гуфт, «истеъфо рафтан - ин кори ихтиёрӣ аст, вале агар дар ҳақиқат ҳамин хел гуфта бошад, ки тарафдори ҳизби миллист, пас танҳо гуфта метавонам, ки ормонҳои ҲХДТ аз ормонҳои ҲСДТ миллитар буда наметавонанд.»


Муҳаммадсиддиқи Саид мегӯяд, адами маблағ ва набуди дафтари корӣ аз сабабҳои дигари аз кор рафтани ӯ шудаанд. Оқои Муҳаммадсиддиқ афзуд, дар ҳамин ҳол ҳизби мазбур дар Кӯлоб 2 узв дорад, зеро ду тан аз аъзои ҳизб бо шумули раиси ҲСД ва хонуми ӯ аз ҳизб хориҷ шудаанд. Вале Раҳматулло Зоиров гуфт, теъдоди аъзои ҳизб дар водии Кӯлоб аз 250 нафар беш аст ва бо сабабҳои мухталиф Раёсат ному насаби онҳоро фош намекунад.
XS
SM
MD
LG