Пайвандҳои дастрасӣ

Қочоқи 430 кг ҳероин ба Маскав кори кист?


Масъулини Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон расман эълом доштанд, ки дар қочоқ ва интиқоли беш аз 430 килограмм маводи мухаддир ба Маскав шаҳрвандони Тоҷикистон даст надоранд.


Ин матлаб рӯзи 28-уми май зимни нишасти хабарии Оҷонси мубориза бо маводи мухаддири назди раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе эълом шуд. Фахриддин Ҷонмаҳмадов, сардори Ситоди оҷонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, дар ин робита гуфт, ки ин ниҳод номаи расмии мақомоти зирабти Русияро дарёфт намудааст, ки дар он ном мушахасот ва табаъияти омилони қочоқи миқдори бузурги маводи мухаддир ба Маскав зикр ёфтааст. Ӯ ҳамчунин гуфт, автомошинаи боздошт шудаи ҳомили маводи мухаддир, низ ба Тоҷикистон тааллуқ надорад.


Дар нишасти хабарии Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон таъкид шуд, ки ба манзури равшан сохтани қазия ин ниҳод ба ҳамтоёни узбак ва қазоқи худ муроҷиат намудааст, вале то кунун мақомоти дахлдори Узбакистону Қазоқистон даст доштани шаҳрвандони худ дар қочоқро на таъйид ва на такзиб накардаанд.
XS
SM
MD
LG