Пайвандҳои дастрасӣ

Боз 12 нафар масмуми «вабои аср» дар Кӯлоб


Ва ҳамаи онҳо сокинони минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мебошанд. Ба ин тартиб, теъдоди умумии масмумшудагони HIV дар инҷо ба 89 нафар расид.


Чунонки Абдуллоҳ Шерматов, мудири Маркази бахши Кӯлоби вилоят оид ба ташхис ва мубориза бо HIV/AIDS, гуфт, баъди ин миқдори мубталоёни ин мараз дар 6 ноҳияи минтақаи Кӯлоб ба 113 расидааст.


Ба гуфтаи ӯ, аз ин 12 масмум 5 нафар сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, 4 нафар сокини ноҳияи Восеъ, якнафари сокинони навоҳии Данғара, Фархор ва Муъминобод мебошанд.
XS
SM
MD
LG