Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаъиёни Ҷоми Тоҷикистон - 8 даста


Дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо натиҷаи бузурги 6 бар 0 шикаст дод ва ба марҳилаи чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Вале «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, бо вуҷуди он ки тими меҳмон - CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 2 бар 1 мағлуб сохт, аз идомаи мубориза барои Ҷом маҳрум гашт. Зеро ки дар мавриди мусовӣ будани голҳо, як голи CSKA «Помир» дар сафар ба ду гол баробар аст.

Ҳамчунин ду дастаи дигар - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Саройкамар»-и Панҷ, ки ҳарду дар меҳмонӣ мутаносибан аз тимҳои «Гвардия»-и Душанбе ва «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо натиҷаи якхелаи 2 бар 3 шикаст хӯрданд, бо назардошти натоиҷи ду бозӣ ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфтанд.

Боз ду даста - «Энергетик»-и Душанбе, ки бар тими мизбон - «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи 1 бар 0 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, ки дар сафар бар тими «Ҳисор»-и Ҳисор бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуданд, ба чаҳоряфинал баромаданд.

Бозии ҷавобии «ХИМА»-и Душанбе дар сафар бо тими «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Душанбегиҳо, ки дар бозии аввал ғолиб омада буданд, муборизаро барои Ҷом идома хоҳанд дод.

Бинобар даст кашидани дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ аз ин мусобиқот, рақибаш - «Динамо»-и Душанбе ба марҳилаи дуввум роҳ ёфт.

Бад-ин тартиб, ҳашт тими лигаи олӣ муборизаро барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон идома хоҳанд дод.

Дар бозиҳои аввали чаҳорякниҳоӣ рӯзҳои 23-юм ва 24-уми июн «ХИМА» ва «Энергетик», «Динамо» ва CSKA «Помир», «Парвоз» ва «Саройкамар», «Тоҷиктелеком» ва «Регар» ТадАЗ рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG