Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтушуниди мустақими Ирону Амрико оғоз мешавад


ск

Имрӯз, 28 май, дар Бағдод дипломатҳои Иёлоти Муттаҳида ва Эрон мавзӯъи таъмини субот ва хатми хушунатҳо дар Ироқро баррасӣ хоҳанд кард.


Гуфта мешавад, музокироти сафири Иёлоти Муттаҳида дар Бағдод Раян Крокер ва сафири Эрон дар Ироқ Ҳасан Козимӣ Қумӣ нахустин гуфтушуниди мақомоти баландмартабаи ду кишвар дар 27 соли ахир аст.


Соли 1979 баъди Инқилоби исломӣ дар Эрон ва гаравгонгирии дипломатҳои амрикоӣ дар Теҳрон равобити дипломатӣ миёни Эрону Иёлоти Муттаҳида қатъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG