Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқбол дар Аврупо аз созиш дар Укроин


ск

Шӯрои Аврупо аз созиши миёни раисҷумҳур ва сарвазири Укроин дар мавриди интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ хуш истиқбол кард. Тэрри Дэвис, дабири кулли Шӯрои Аврупо имрӯз раисҷумҳури Укроин Виктор Юшенко ва сарвазири кишвар Виктор Януковичро бо дарёфти роҳи мусолиҳа табрик гуфт.


Виктор Юшенко ва сарвазир Виктор Янукович пас аз музокироти тулонӣ тасмим гирифтанд, ки 30 сентябр интихоботи қабл аз вақти Верховная Рада барпо кунанд.


Қарор аст, ки ин ҳафта вакилони парлумон қонун дар бораи интихоботи нави парлумониро баррасӣ ва тасвиб кунанд.


Бӯҳрони сиёсӣ дар Укроин дар ду рӯзи охир, пас аз эълони барканории додситони кулл ва ба ихтиёри раисҷумҳур гузаштани нерӯҳои умури дохила ва даъвати ин нерӯҳо аз манотиқ ба Киев жарфтар шуда буд ва он фақат дирӯз, 27 май, баъд аз музокироти тулонии миёни раисиҷумҳур ва сарвазир андаке коҳиш ёфт.
XS
SM
MD
LG