Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми руминӣ соҳиби шоҳҷоизаи Канн шуд


"Шохаи тиллоии нахл" - ҷоизаи асосии ҷашнвораи синамои Канн ба филми таҳиягар аз Руминия Кристиан Минҷиу "Чаҳор моҳ, се ҳафта ва ду рӯз" супурда шуд.


Ин филм дар бораи як сафҳаи фоҷиабори ҷомеъаи Руминия дар даврони коммунистист.


Ҷоиза барои беҳтарин нақши занонаро ҳунарманд аз Кореяи Ҷанубӣ Ли Шин Э барои нақши асосӣ дар филми "Нури ниҳон"-и таҳиягар Ли Чан Дон соҳиб шуд.


Ҳунарманди рус Константин Лавроненко барои иҷрои нақши асосӣ дар филми "Ихроҷ"-и Андрей Звягинтсев сазовори ҷоизаи "Нақши беҳтарини мардона" гардид.
XS
SM
MD
LG