Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъини сафирони нави Тоҷикистон дар Узбакистону Австрия


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо судур фармонҳои тоза дар Узбакистон ва дар Австрия сафирони ҷадиди кишвари худро таъин намуд.


Ҳамакнун, Тоҷикистонро дар Тошканд Бобохон Маҳмадов, собиқ вазири фарҳанги кишвар намояндагӣ мекунад.


Ва Нуриддин Шамсов, ки сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Австрия мебошад, дар Вена ҳамзамон ба ҳайси намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА ва дигар созмони байнулмилал ифои хидмат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG