Пайвандҳои дастрасӣ

Боз 41 ҷавони бадахшонӣ мутахассис шуданд


ms

Дирӯз, 26-уми май, дар шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, маросими тақдими шаҳодатномаҳо ба нахустин фориғуттаҳсилини мактаби давомдори касбии донишгоҳи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.


Дар ин маросим ба 27 хатмкунанда шаҳодатномаи мутахассиси технологияи муҳосибӣ ва ба 14 нафар шаҳодатномаи мутахассиси забони англисӣ дар коргузории расмӣ супурда шуд.


Раиси Донишгоҷи Осиёи Марказӣ Богдан Кравченко гуфт, малакае, ки донишҷӯён дар ҷараёни таҳсил дар ин мактаб ҳосил кардаанд, ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.


Ин шаҳодатномаҳо ба хатмкунандагон имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои хурд, созмонҳои ғайридавлатӣ ва идораву муассисаҳо фаъолияти пурсамар кунанд.

Мирзоҷалоли Шоҳҷамол, Хоруғ.
XS
SM
MD
LG