Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Назарбоев домодашро ба истеъфо фиристод


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев имрӯз, 26-уми май, домоди худ Роҳат Алиевро аз мақоми сафири Қазоқистон дар Австрия барканор кард. Дар ҳоле ки дар бораи сабабҳои ин истеъфо чизе гуфта намешавад, расонаҳои гурӯҳӣ изҳороти Алиевро нашр кардаанд, ки дар он аз ҷумла гуфтааст, Назарбоев ӯро рақиби худ медонад ва мехоҳад аз саҳна дур кунад.


Роҳат Алиев дар ин баёнияи худ ҳамчунин аз баста шудани нашрия ва шабакаи телевизиониаш изҳори нигаронӣ намуда, ин амалро бозгашт ба сӯи диктатура ва маҳдудсозии озодии баён хондааст. Вай ҳамчунин таъкид кардааст, ки аз ҷониби як шахс ғасб гардидани мақоми раиси ҷумҳур ҷараёни интихоботро барои нозирони он ба як намоишнома табдил медиҳад.


Ин сиёсатмадор чунин меҳисобад, ки суҳбати се моҳ қабл бо раиси ҷумҳур доштааш, муносибати сарвари давлатро ба ӯ комилан дигар сохтааст. Вай дар он суҳбат ба Назарбоев гуфтааст, ки барои дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Қазоқистон дар соли 2012 ширкат кардан тасмим гирифтааст.


Роҳат Алиев изҳор кардааст, ки ҳамеша дар сиёсат боқӣ мемонад ва ҳама кӯшишашро ба харҷ хоҳад дод, то кишвар ба давраи ҳокимияти худкома барнагардад.


«Ман медонам, ки дар кишвар ҷонибдорони зиёд дорам ва бар ин боварам, ки оянда на аз они ҷаноби раиси ҷумҳури абадӣ , балки аз они мост», омадааст дар поёни баёнияи Роҳат Алиев.


Ва ин дар ҳолест, ки таҳлилгарон ва коршиносон атрофи ин ин баёнияи домоди раиси ҷумҳур назарҳои мухталиф доранд. Аз ҷумла, сиёсатшинос Дос Кошим зикр кардааст, шахсияти Роҳат Алиев, ки қаблан ҳамеша пойбанди мавқеъи ҳокимияти худкома буд, барои мардум равшан аст.


Нуктаи дигаре, ки алъон ба он дар кишвар ҷавоб меҷӯянд, он аст, ки баъд аз ин оё Роҳат Алиев ба сафи мухолифин мепайвандад ё хайр. Ва, гузашта аз ин, оё мухолифин ӯро хоҳанд пазируфт?


Инро ҳам бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз 23 май алайҳи Роҳат Алиев парвандаи ҷиноӣ боз карда шуда, ба дунболи он фаъолияти ҳафтаномаи машҳури «Караван» ва шабакаи телевизионии КТК, ки моли ӯянд, қатъ гардида буд.


Акнун баъд аз пахши ин баёния маълум нест, ки Алиев дигар ба Қазоқистон бармегардад ё на.


Насибҷон Амонӣ, Алмаато.
XS
SM
MD
LG