Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ироқ: талафот аз ду тараф


Як рӯз пас аз зуҳури рӯҳонии тундрави шиъии Ироқ Муқтазо ас-Садр нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар амалиёте дар шаҳраки Садр, ки пойгоҳи ӯст, як ошӯбгари эҳтимолиро бозошт карданд ва панҷ нафари дигарро ба ҳалокат расонданд.


Дар эъломияи худ, фармондеҳии нерӯҳои амрикоӣ мегӯяд, шахси боздоштшуда ба «Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон» марбут аст ва дар аъмоли террористӣ даст дорад. Ҳамчунин гуфта мешавад, вай яке аз масъулони интиқоли силоҳ ва афроди таълимдида аз Эрон ва Ироқ будааст.


Эрон чандин бор аст, ки аз ҷониби ҳарбиёни амрикоӣ дар пуштибонӣ аз ситезаҷӯёни Ироқ муттаҳам мешаванд.


Дар ҳамин ҳол аз Ироқ хабар мерасад, ки дар ин ҷо ду сарбози дигари амрикоӣ кушта шудаанд.


Ва Эрон дар арафаи мулоқоти дуҷониба бо Амрико гуфтааст, Иёлоти Муттаҳида бояд сиёсати худро дар Ироқ тағйир диҳад.


Дар ҳамин ҳол қарор аст, рӯзи душанбе, вазирони умури хориҷии Амрико ва Эрон барои аввалин бор баъд аз инқилоби исломии соли 1979 бо ҳам мулоқот ва гуфтушунид хоҳанд кард, ки ин мулоқот дар Ироқ ба амал хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG