Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 ҳазор аскар - дар ҳимояти Юшенко


Зиёда аз 2 ҳазор сарбози Вазорати умури дохилии Укроин имрӯз, 26-уми май, дар ҳоле вориди Киев шуданд, ки гуфтушунид миёни президент ва сарвазир бо мақсади ҳалли буҳрони шиддатёбандаи кишвар идома дошт.


Вазири умури дохилии Укроин Васил Сушко дар нишасти хабарӣ дар Киев гуфт, сабаби интиқоли нерӯҳоро ба пойтахт намефаҳмад:
"Ягон кас ба ман гуфта метавонад, ки чи зарур аст, нирӯҳо ворид карда шаванд? Оё ягон беназмӣ сар шудаасту онҳо бояд ором кунанд? Ман мехоҳам бидонам, онҳо чаро инҷо меоянд? Мақсад чист?"


Сушко аз тарафдорони сарвазир Янукович аст, ки дар ҳоли рақобат бо президент Юшенко қарор дорад.
XS
SM
MD
LG