Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Луговой муҳокима хоҳад шуд?


Додситони кулли Русия Юрий Чайка мегӯяд, агар Бритониё шаҳодати кофӣ тақдим намояд, соҳибкор Андрей Луговой бо иттиҳоми куштори собиқ афсари хадамоти амниятӣ Александр Литвиненко, ки 23 ноябри соли гузашта баъди заҳролудшавӣ дар яке аз шифохонаҳои Лондон ба ҳалокат расида буд, дар қаламрави Русия муҳокима хоҳад шуд.


22 май Мақомоти Британия Луговойро бо куштори Литвиненко муттаҳам карданд. Вале Русия нахуст бо ишора ба манъи истирдоди шаҳрвандони худ иброз дошта буд, ки таслими Луговой ба Британия имкон надорад.
XS
SM
MD
LG