Пайвандҳои дастрасӣ

Акнун маҳсулоти Тоҷикистонро хоҳанд шинохт


Анҷумани ҷаҳонии стандарти воҳид - "Ҷиес-1" - аз таъйиди шохиси (коди) вижаи Тоҷикистон ҷиҳати тавлиди фаровардаҳои дохилии ин кишвар хабар додааст.


Ба иттилоъи Иттиҳодияи масрафкунандагони Тоҷикистон, ин тасмим дар пайи пазируфтани Тоҷикистон ба Анҷумани ҷаҳонии стандарти воҳид дар нишасти ахири Маҷмаъи кулли ин анҷуман гирифта шудааст.


Суҳроб Муҳаммадиев, ҳуқуқшинос ва яке аз муаллифони тарҳи тадвини коди вижаи Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» ин матлабро таъйид карда гуфт, ки феълан шумораи коди вижаи Тоҷикистон расман эълом нашудааст. Ба гуфтаи Суҳроб Муҳаммадиев, бар асоси тавофуқи ҳосила қарор аст рӯзҳои наздик шумораи рамзии тавлидоти дохилии Тоҷикистон унвонии созмони тоҷикистонии анҷумани ҷаҳонии стандарти воҳид ирсол гардад. Ба иттилоъи Суҳроб Муҳаммадиев, танҳо баъд аз ин Иттиҳодия масрафкунандаони Тоҷикистон расман мушаххасоти коди тадвиншудаи вижаи ин кишварро эълом медорад.


Тоҳири Абдуҷаббор иқтисоддони тоҷик бо ишора ба ин матлаб ба аҳаммияти соҳиби код шудани маҳсулоти дохилии Тоҷикистон таъкид карда пайвастани ин кишварро ба Анҷумани ҷаҳонии стандарти воҳид фоли нек медонад.


Тоҷикистон дар миёни кишварҳои собиқ шуравӣ танҳо кишварест, ки то кунун тавлидоти дохилии худро бидуни шохиси рамзӣ содир мекунад ва ҳамакнун охирин кишвари минтақаи Осиёи марказист, ки ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шудааст.


Холиқи Сангин, Душанбе
XS
SM
MD
LG