Пайвандҳои дастрасӣ

МАГАТЭ дар амнияти ҳастаии Тоҷикистон саҳм мегирад


Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон дар суҳбат бо муовини аввали раиси Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ хонум Анна Мария Сетто изҳор дошт, ки то анҷоми муҳокимаи парвандаи марбут ба қочоқи маводи радиоактив аз ироъаи сабабҳои аслии қочоқи ин мавод дар Тоҷикистон худдорӣ мекунад.

Абдуҷаббор Саломов, муовини раиси Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон, дар суҳбат бо радиои «Озодӣ» иқрор кард, ки мавридҳои қочоқи маводи радиоактив дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд расидаанд ва ахиран мақомоти интизомӣ дар манозили яке аз шаҳрвандон чаҳор бастаи маводи радиоактиви плутоний ва сезийро кашф ва мусодира кардаанд. Ӯ афзуд: «Ҳоло ин парванда дар додгоҳ баррасӣ мешавад ва пас аз анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ мо тафсилоти ин қочоқро ба МАГАТЭ ироъа хоҳем кард. МАГАТЭ ба Тоҷикистон, ки як давлати мустақил аст, ҳеҷ фишоре оварда наметавонад ва ҳаққи талаби шарҳи мақомоти Тоҷикистонро оид ба қочоқи маводи радиоактив надорад. Аз ин рӯ, ин ки расонаҳои гурӯҳӣ мегӯянд, боздиди хонум Мария Сетто ба қазияи марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи радиоактив дар Тоҷикистон бастагӣ дорад, фикр мекунам, беасос аст. Зеро муҳокимаи додгоҳии афроде, ки бо ҷурми қочоқи маводи плутоний ва сезий муттаҳам мешаванд, тоза шурӯъ шудааст, ҳол онки сафари хонум Сетто ба Тоҷикистон ҳанӯз аз ним сол пеш дар назар гирифта шуда буд ва ин танҳо як сафари кории ӯст».

Хонум Мария Сетто ҳадафи ин боздидаш аз Тоҷикистонро баррасии масоили амнияти ҳастаиву радиатсионӣ дар ин кишвар унвон кардааст.

Ин масъала мавзӯъи аслии суҳбати имрӯзаи хонум Сетто бо мақомоти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ будааст. Вале дар ҳамин ҳол мавзӯъи қочоқи маводи радиоактиви плутоний ва сезий, ки ахиран бо ин иттиҳом ҳашт нафар боздошт гардидаанд, ҳангоми мулоқоти хонум Сетто бо мақомоти Тоҷикистон муҳокима нашудааст.

Хонум Сетто ба суоли радиои «Озодӣ» дар бораи ин ки оё Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ аз мавориди қочоқи маводи радиоактив дар Тоҷикистон ва кӯшишҳои фурӯши он ба шаҳрвандони хориҷӣ огаҳӣ дорад, гуфт: «Ман аминам, ки Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон ин қазияро пайгирӣ мекунад. Ожонси мазкур перомуни ҳама таҳаввулоти Тоҷикистон дар робита ба амнияти ҳастаиву радиатсионӣ ба МАГАТЭ иттилоъ мерасонад ва зимнан МАГАТЭ ҳам барои таъмини ин амният дар Тоҷикистон кумакҳои молӣ ироъа хоҳад кард. Воқиъан, яке аз аҳдофи банда аз сафар ба Тоҷикистон ин чигунагии иҷрои барномаи ҳамкориҳои фаннӣ бо Тоҷикистон ва тадобири дигари эҳтимолӣ дар чаҳорчӯби ин барнома аст».

Фардо, дар рӯзи ахири боздиди худ аз Тоҷикистон, Анна Мария Сетто бо вузарои беҳдошт ва кишоварзии кишвар, инчунин мақомоти пажӯҳишгоҳҳои илмӣ дидору гуфтугӯ анҷом хоҳад дод. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо масоили ихтисосии фанноварии тиббӣ ва бунёди ташхисгоҳҳои илмӣ аз сӯи Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Ҳамзамон Тоҷикистон қасд дорад як силсила лоиҳаҳои наверо оид ба безараргардонии партовгоҳҳои радиатсионии кишвар ба муҳокимаи Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ пешниҳод намояд.

Ба иттилоъи мақомоти Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон, дар ояндаи наздик тамоми маводе, ки дар партовгоҳҳои радиоактиви кишвар нигаҳдорӣ мешаванд, ба партовгоҳи ҷумҳуриявии маводи радиатсионӣ, воқеъ дар ноҳияи Файзобод, кӯч дода мешаванд. Барои иҷрои ин пружа ҳудуди 100 ҳазор доллари амрикоӣ лозим будааст. Аммо мақомоти Ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон мегӯянд, барои анҷоми ин кор ба кӯмаки Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ ниёзманданд.

То ин замон МАГАТЭ - Ожонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ - барои иҷрои тарҳҳои вобаста ба таъмини амнияти ҳастаӣ ба Тоҷикистон беш аз 3 миллион доллар ихтисос додааст.
XS
SM
MD
LG