Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фишор ба журналистони тоҷик


KA

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон дар гузориши тозанашри худ аз афзоиши нақзи ҳуқуқи журналистони кишвар иттилоъ додааст.


Абдуфаттоҳ Воҳидов, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотӣ ё мониторинги Анҷумани расонаҳои мустақил (НАНСМИТ , гуфт, дар моҳи апрел чордаҳ ҳодисаи тавҳин ва нақзи ҳуқуқи журналистон аз сӯи мансабдорони давлатӣ ба қайд гирифта шудааст.


Вай аз гуфтаҳои Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе, ёдовар шуд, ки дар як нишасти хабарӣ таҳдид кардааст, нашрияи «Миллат» ва сардабири он Адолати Мирзоро ба додгоҳ хоҳад кашид. Абдуфаттоҳ Воҳидов афзуд, дар баробари нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дастрасии онҳо ба иттилоъот ҳамчунон маҳдуд аст ва он аз мушкили умдаи журналистони тоҷик боқӣ мемонад: «Чун моҳҳои гузашта масъалаи дастрасӣ ба сарчашмаи ахбор аз масъалаи асосии рӯзноманигорони тоҷик мебошад. Мансабдорони давлатӣ дар мавриди ҳифзи шаъну шарафи худ талаботи зиёд доранд. Аз ин рӯ танқиди журналистон ба онҳо маъқул намешавад».


Ин дар ҳолест, ки Қурбон Мадалиев, хабарнигори рӯзномаи давлатии «Ҷумҳурият», мегӯяд, ӯ ва ҳамкоронаш дар роҳи ба даст овардани иттилоъ аз вазорату идораҳои давлатӣ монеъаеро эҳсос намекунанд. Вай аз ҷумла гуфт: «Барои хабарнигорони мо дари ҳамаи вазорату кумитаҳои давлатӣ боз аст. Монеъа нест, мушкил нест».


Аммо Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи мустақили «Вечерний Душанбе», мегӯяд, хабарнигори нашрияи онҳо Ҷамила Ҳусейнова барои навиштани як матлаб дар бораи Нерӯгоҳи барқи обии Норак аз сӯи кормандони мақомоти қудратии шаҳри Норак мавриди пурсуҷӯ қарор гирифтааст. Вай ҳамчунин афзуд, масъулони идораҳои давлатӣ ҳанӯз бо рӯзноманигорон муносибати хуб надоранд: «Ҳар моҳ бо ҳодисаҳои дағалгуфтории мансабдорони давлатӣ рӯбарӯ мешавем. Онҳо иттилоъи дурустро барои журналистон пешниҳод намесозанд. Журналистонро писанд намекунанд. Ин, албатта, бар зарари ҷомиъа аст, ки аз иттилоъи зарурӣ наметавонад огоҳ шавад».



Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, афзоиши нақзи ҳуқуқи журналистон, агар, аз як сӯ, озодии баёну матбуотро дар кишвар халалдор созад, аз сӯи дигар, обрӯи ҳукумати кишварро дар назди ҷомиъаи байнулмилалӣ коҳиш хоҳад дод.


Каюмарси Ато, Душанбе
XS
SM
MD
LG