Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қабули тарҳи тахсиси сад миллиард $ барои ҷанг


ск

Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарҳи қонун дар бораи тахсиси 100 миллиард доллари иловагӣ барои амалиёти низомӣ дар Ироқ ва Афғонистонро пазируфт.


Аз ин тарҳ аз се ду ҳиссаи вакилон ҷонибдорӣ карданд.


Ба тарҳи пешини қонун, ки дар он тахсиси маблағи иловагӣ бо ҷадвали замонии хуруҷи неруҳои амрикоӣ дар Ироқ то охири баҳори соли оянда пайванд дошт, раисҷумҳур Ҷорҷ Буш вето гузошта буд.


Ҳафтаи оянда ин тарҳи қонун дар Сенати ИМА баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG