Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумин айбномаи тундгароиро рад карданд


vb

Додгоҳи вилояти Суғд ду сокини минтақаи шимолии Тоҷикистонро бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ) ба мӯҳлатҳои зиёд маҳкум ба зиндон кард. Самадхон Аҳадов, сокини шаҳри Хуҷанд ба 17 ва Сафар Сафаров аз ноҳияи Масчо ба 16,5 соли ҳабс бо мусодираи амвол аз сӯи додгоҳ маҳкум шуданд. Боздошти ин афрод дар моҳи апрели соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти интизомиву амниятии Суғд сурат гирифта буд.


Ҳаким Асроров - раиси мурофиаи ин парванда, додраси додгоҳи Суғд зимни эълони ҳукм гуфт, ки ин ду тан дар тайи солҳои ахир чанд маротиба бо аъзои ҲИУ, ки аз қаламрави Узбакистон ба Суғд гузаштаанд, вориди гуфтугӯ шуда, дар роҳандозии фаъолияти аъзои ин ҳаракат дар Суғд ҳамдастӣ доштаанд. Додгоҳ Самадхон Аҳадов ва Сафар Сафаровро мутобиқи бандҳои Асноди ҷиноии Тоҷикистон - даст задан ба фаъолияти террористӣ, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, кӯшиш барои барҳам задани сохтори қонунии Тоҷикистон муҷрим ҳисобид.


Вале вакили мудофеъи маҳкумшудаҳо Сайдулло Саидов гуфт, ки гунаҳкор будани нафарони таҳти ҳимояти ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ бо далелҳо собит нашудааст, аз ин рӯ ҳукми додгоҳро ноодилона ҳисобида, ба Додгоҳи Олӣ шикоят хоҳад бурд. Худи Сафар Сафарови маҳкумшуда низ дар сухани охирини худ дар толори додгоҳ гуфт, вай бо ҲИУ ҳеҷ гуна иртиботе надорад, як ҷавони оддии намозхон аст ва бар дӯшаш гузоштани ҳар гуна гуноҳҳоро тӯҳмат меҳисобад. Ду тан аз ҳамдеҳагони ӯ дар суҳбат бо радиои Озодӣ гуфтанд, ки Сафар Сафаров бо ҳеҷ як созмонҳои тундрав робитае надошт, умре ба кори деҳқонӣ шуғл дошт ва аз минтақаи Масчо берун нарафтааст. Танҳо дар соли 2000 - ум узвияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро пазируфта буд.


Дар давоми яку ним соли ахир беш аз 30 тан дар вилояти Суғд аз ҷониби додгоҳ бо гуноҳи мансубият ба ҲИУ ба муҳлатҳои мухталиф зиндонӣ шудаанд. Аммо маҳкумшудагон ва пайвандони онҳо иртиботи худро бо ин ҳаракат рад кардаанд.
Маъсуми Муҳаммадраҷаб, Хуҷанд
XS
SM
MD
LG