Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Размновҳои Амрико дар Халиҷи Форс


Президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш хостори таҳримҳои шадидтари зидди Эрон шуд ва гуфт, Теҳрон бояд ба ҳарфи ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯш диҳад ва ғанисозии ураниумро боздорад. Буш гуфт, кишвараш "бо шарикони аврупоӣ таҳримҳои бештари зидди Эронро машварат мекунад. Ва ҳамчунин машваратҳо бо президентҳои Русия Владимр Путин ва Чин Ҳу Ҷинтао ҷараён доранд ва аввалин чизе ки ин раҳбарон бояд дарк кунанд, ин аст, ки Эрон бо силоҳи ҳастаӣ барои ҷаҳон ба таври боварнакарданӣ ташаннуҷовар хоҳад буд."

Суханони Буш дар ҳоле садо доданд, ки нирӯҳои дарёии Иёлоти Муттаҳида размоишҳоеро дар Халиҷи Форс оғоз кардаанд. Дар ин тамринҳо 9 размнов ё киштии ҷангии Амрико, аз ҷумла ду ҳавопаймобари дорои кулоҳакҳои ҳастаӣ ширкат мекунанд, ки рӯзи чоршанбеи 23-юми май, вориди обҳои Халиҷи Форс шуданд. Размоишҳо дар ҳоле сар шуданд, ки Бунгоҳи байнулмилалии нирӯи ҳастаӣ мегӯяд, Эрон ба даъватҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ гӯш намедиҳад ва дар се то ҳашт соли оянда соҳиби бомбаи ҳастаӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинжод гуфт, кишвараш барномаи ҳастаии худро барои як лаҳза ҳам қатъ нахоҳад кард. Вай афзуд, Ғарб мехоҳад, кишварашро аз фанноварии ҳастаӣ маҳрум ва бо ин роҳ реша ва усули ҷумҳурии исломиро баҳам занад.
XS
SM
MD
LG