Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амиқрафти бӯҳрони сиёсӣ дар Укроин


Фармони президенти Укроин Виктор Юшченко дар бораи барканории додситони кулли кишвараш Святослав Пискун бӯҳрони сиёсиро дар Укроин амиқтар кард. Пискун, ҳампаймони сарвазир Виктор Янукович, ин фармонро ғайриқонунӣ номид ва гуфт, аз иҷрои он саркашӣ мекунад. Вай бо нирӯҳои полиси вижа ба коргоҳаш омад, дарро шикаст ва бо тарафдоронаш вориди Додситонии кул шуд.

Вазири умури дохилии Украина Васил Тсушко, низ аз ҳампаймонони ҷаноби Янукович, барканории Пискунро кӯшиши табаддулот номид ва нирӯҳои полисро ба ҳимояи коргоҳи Пискун фиристод.

Дабир шӯрои амнияти Украина, Иван Плюш гуфт, Пискун аз вазифа барканор шуд, зеро наметавонист ҳамзамон ҳам узви порлумон ва ҳам додситони кул бошад. Юшченко додситони вилояти Қрим, Виктор Шемчукро иҷрокунандаи вазифаи додистони кулли Украин таъин кард. Порлумони Украина дар қатъномае ки имрӯз қабул кард, барканории Пискунро ҳодисаи хатарнок ва баҳамзанандаи эътидол номид.
XS
SM
MD
LG