Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи қонуни танзими расму ойинҳо ироа шуд


FB

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар як нишаст аз тарҳи Қонуни танзими расму одатҳои миллӣ ҳимоят кард. Эмомалӣ Раҳмон гуфт: «Мо вазифадорем, ки расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу фардои ҷамъият номатлуб тоза созем. Онҳоро бо назардошти имкониятҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон танзим намоем. Муҳимтарини онҳоро ҳамчун қисми таркибии фарҳангу тамаддуни миллӣ ҳифз карда, ҳамаҷиҳата инкишоф диҳем ва анъанаву маросимҳои халқамонро чун сарчашмаи нодиру гаронбаҳо пеш аз ҳама дар тарбияи наслҳои ҷавон васеъ истифода барем».

Раиси ҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки мувофиқи 10 моддаи лоиҳаи қонуни маросимҳо, дар туйҳо теъдоди ширкаткунандагон на бештар аз 150 то 200 нафарро ташкил хохад кард. Ин қонун ширкати мардум дар маъракҳои дафнро манъ намекунад. Вале гузаронидани рӯзҳои 3,7,20,40 манъ шудааст.


Баррасии тарҳи мазкур дар Порлумон се моҳро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG