Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон дар ҷумлаи кишварҳои фасодзада боқӣ мондаст


Transparency International, дар гузориши тозаи худ шохиси фасодкорӣ дар 163 кишвари ҷаҳонро тартиб ва Тоҷикистонро дар зинаи 150, дар радифи фосидтарин кишварҳои олам, қарор дод.


Дар гузориши нав гуфта шудааст, ки фасод ва фасодкорӣ дар куллия идорот ва ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон густариш ёфта, вале дар ниҳодҳои интизомӣ, ҳифзи ҳуқуқу додгоҳ ва адлия ривоҷи бештар пайдо кардааст. Ҳарчанд мавҷудияти фасод ва фасодкорӣ дар идороти кишварро масъулини давлати Тоҷикистон, коршиносон ва шаҳрвандони ин кишвар таъйид мекунанд, аммо мавқеъ ва вокуниши онҳо ба арзёбии созмони Transparency International мутафовит аст.


Алиакбар Абдуллоев - муовини сардори яке аз раёсатҳои Оҷонсии давлатии мубориза бо коррупсия ва ҷиноёти молиявии Тоҷикистон гуфт, ки таъсиси як ниҳоди вижаи зидди фасод гувоҳи он аст, ки чунин навъи ҷинояткорӣ дар кишвар воқеан вуҷуд дорад. Вале ӯ аз онки ин созмон Тоҷикистонро дар радифи фосидтарин кишварҳои олам мақом додааст мувофиқ набудааст. Зеро меафзояд ӯ, маълум нест, ки бозрасон ё ходимони ин созмон дар асоси кадом меъёр як чунин ҷойгоҳеро ба Тоҷикистон қойил шудаанд.


Ин ҳам дар ҳолест, ки бештари коршиносони тоҷик мӯътақиданд, ки натоиҷи пажӯҳиши созмони байналмилалии Transparency International дар мавриди Тоҷикистон ба воқеият мувофиқ мебошад. Номутавозинии қудрат миёни миёни се шохаи ҳокимият ва сиёсати нодурусти ҷобаҷоии кадрҳо дар идороти давлатиро аз авомили умдаи ривоҷи фасод дар Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG