Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порахӯрӣ дар низоми адлия


Ҷеффрӣ Донован Чаро мардум ба додгоҳ бовар надоранд? Фасод дар низоми адлия аз куҷо маншаъ мегирад? Бо чӣ роҳҳое метавон вазъро тағйир дод?

Дар ҳоле ки соли гузашта созмони байнулмилалии Шаффофият (Transparency International)асосан ба фасод дар риштаи беҳдошт тамаркуз карда буд, имсол додгоҳ ва додгустариро дар маркази таҳқиқоти худ қарор дод ва мегӯяд, ин ҳам соҳаест, ки ба ҳаёт ва ҳуқуқи миллионҳо нафар аз афроди оддӣ бештарин таъсирро дорад. Ва баробарии инсонҳо дар назди қонун яке аз рукнҳои ҷомеаи демократист.

Ба ақидаи пажӯҳишгарони созмони байнулмилалии Шаффофият фасоди додгоҳӣ асосан ду навъ аст~

1. Дахолати сиёсӣ ба раванди додгустарӣ.
2. Бартарӣ ёфтани ришва дар ҳалли парвандаҳо.


Ва ин ду як давои асосӣ доранд, ки истиқлолияти додгоҳ ҳамчун як шохаи алоҳидаи қудрат аст.

Мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони байнулмилалии Шаффофият Миклош Маршал мегӯяд, ба сурати умум, пажӯҳиши имсола се паёми аслӣ мефиристад. Ҷаноби Маршал мегӯяд, "ҷиддитарин паём ин аст, ки фасод дар адлия бунёди ҷомеаро тахриб мекунад. Дуввум, асосан мардуми оддӣ ва нодор зарар мебинанд, зеро зӯрашон ба ришвадиҳӣ намерасад. Ва паёми саввум ин аст, ки бояд хеле кор кард, то шаффофият бештар шавад, чунки додгоҳи бетараф бояд бар шаффофият асос ёфта бошад."

Тибқи гузориши нави Transparency International, дар беш аз 25 кишвари ҷаҳон аз ҳар даҳ камаш як нафар ба додани ришва маҷбур аст, то ба адл даст ёбад. Дар 20 кишвари дигар аз ҳар даҳ се нафар ба чунин кор маҷбур аст ва дар кишварҳои камбағал фасоди додгоҳӣ махсусан густарда аст. Дар Русия, масалан, 70%-и аҳолӣ бар ин аст, ки бе пора ягон парванда ҳалли худро намеёбад.

Дар зимн муҳоҷирони тоҷик дар Русия шояд аз ҳар каси дигаре беҳтар медонанд, ки ниҳодҳои интизомӣ ва додгустарии Русия то куҷо фасодзадаанд. Дар Русия ва аксари кишварҳои шӯравии собиқ ҳукуматҳо барномаҳои пурсарусадои мубориза бо фасодро муъаррафӣ кардаанд. Вале ба таҳқиқи созмони байнулмилалии Шаффофият, шеваи муборизаи онҳо бо фасод бенатиҷа боқӣ мондааст. Дар кишварҳое ки мансабҳои давлат бо ришва харида мешавад, табъан вазифагирифтаҳо талош мекунанд, аз ҳар имконият суди молӣ бардоранд. Ин ҳолат то ҷои зиёд ба кишварҳои Осиёи марказӣ низ рабт дода мешавад.

Миклош Маршал, мудири бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар созмони байнулмилалии Шаффофият мегӯяд, "ончи беш аз ҳама дар Осиёи Марказӣ ба мушоҳида мерасад, ин аст, ки додгоҳҳо ва низоми адлия ҳамоно хеле заъифанд. Ва аслан мустақил нестанд. Онҳоро асосан қувваи иҷроия таъин мекунад. Дар натиҷа онҳо ҳам зери таъсири сиёсиянд ва ҳам бесалоҳиятанд. Ин аст, ки танҳо 8 дарсади пурсидашудагон гуфтанд, ки барои ҳалли мушкили худ ба додгоҳ муроҷиат мекунанд. Яъне эътимод ба додгоҳ дар кишварҳои Осиёи марказӣ вуҷуд надорад."

Созмони байнулмилалии Шаффофият роҳҳои тағйири вазъро дар таъини додгустарон аз тарафи ниҳоди мустақили адлия, таҳкими ҷомеаи маданӣ, афзоиши музди кори додгустарон ва таъмини нафақаи сазовори онҳо, шаффофияти кори ниҳодҳои адлия, бедории ҳуқуқии мардум ва ҷалби ҳақталошии онҳо ва чораҳои дигар дидааст.
XS
SM
MD
LG