Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкили аслии ҷавонони тоҷик кадом аст?


Рӯзи бисёре аз ҷавонони тоҷик ё дар бозору сохтмонҳои Русия ё Тоҷикистон ба хотири дарёфти қути лоямут шаб мешавад ва мушкилоти фаровон бисёре ҷавононро аз имкони таҳсил ва зиндагӣ бо аҳли оила маҳрум сохтааст.
Тибқи омори расмӣ беш аз чорсад ҳазор ва тибқи омори ғайри расмӣ як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамасола ба муҳоҷирати корӣ мераванд, ки 90 дарсади онҳо то 35 солаанд.
Фирӯза Толибова духтари 24 солаи муҳоҷири тоҷик мегӯяд бо вуҷуди сахтиҳои зиёд дар Русия ҷавонони тоҷик илоҷе ба ғайр аз таҳаммул надоранд: «Мо ба корҳои паст меравем, моро ҳеҷ вақт ба кори баланд роҳ намедҳианд. Ягон мардаки тоҷик рафта онҷо кори баланд намекунад, роҳрӯб, борбардор, косашӯй, партов тоза мекунанд. Азоби сиёҳ мекашанд, мо ҳам азоб кашидем. Ина боз меравем ба ҳамон назди азобҳои сахт. Чаро меравем? Чунки мо маҷбурем, фарзанд дорам, дар хонаи падару модарам намеғунюҷам. Куҷо равам? Кани он маоше, ки ман худу фарзандама таъмин карда барои рузи сиёҳ як ду сум монам».
Ба гуфтаи Гулнораи 28 сола бекорӣ, маоши нокифоя ва баҳои гарони маҳсулот дар бозорҳои кишвар ҷавононро рӯз аз рӯз мӯҳтоҷу дастнигари волидонашон кардааст.
Ба андешаи Гулнора адами мустақилияти иқтисодии ҷавонон боиси ба миён омадани садҳо мушкилоти дигар шудааст: «Мушкили асосии ҷавонон нодорӣ аст. Синни ман ба 28 расидааст ва ман ҳоло ҳам мустақил нестам. Маоши 150 сомонии ман ба зиндагиам намерасад ва ҳоло ҳам ман дастнигари падару модар ва хусуру хушдоманам. Мустақил, ки набоши ҳатто чизи дилхоҳатро харида хурда наметавонӣ».

Шароити номуносиб барои таҳсил аз дардҳои дигари сахти ҷавонони Тоҷикистон аст. Имсол донишгоҳҳои Тоҷикис тонро беш аз 17 000 донишҷӯ хатм мекунад ва Малоҳати Зайниддин донишҷуйи ДДМТ мегӯяд 70- дарсади ин ҷавонон дониши номукаммал доранд: «Аслан имрӯз бисёри ҷавонон аз бесаводии худ азоб мекашанд. Мо инро дар тамоми соҳаҳои давлатию корхонаҳои хусусӣ мебинем, ки соҳиби дипломанду, аммо саводи казои надорад».

Чизи дигаре, ки ҷавонони тоҷикро дилсард кардааст, ба гуфтаи худи онҳо фасодкории густурда дар ҷомеаи Тоҷикистон аст. Дилшод хатмкунандаи яке аз донишгоҳҳои олии кишвар мегӯяд: «Куҷое наравӣ коратро бе пул ба сомон намерасонанд. Маслан, ман имсол донишгоҳро хатм кардам ва беш аз 1000 долар сарф кардам».
Мусоҳиби дигарам Давлатмоҳ Исмоилова мегӯяд, ҳуқуқу озодиҳои ҷавонон аз ҷониби бархе аз шахсони масъул нақз мешавад. Ба гуфтаи Давлатмоҳ аз 6 апрел то ба имрӯз бо иллати пӯшидани либоси мазҳабиаш ӯро аз ҳаққи ширкат дар дарсҳои донишгоҳ маҳрум кардаанд: «Ин ба фикрам номумкин аст ва ҳуқуқи моро поймол мекунанд. Маро аз дарс пеш карданд».
Мушкили дигари дардноки ҷавонони тоҷик густариши вируси ЭЙЧ АЙ ВӢ ЭЙДС аст. Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикитсон 756 мубталои ин беморӣ сабти ном шудаанд, ки беш аз 300 нафари онҳо то 29 солаанд. Аммо ба назари коршиносони СММ шумори воқеъии онҳо тахминан беш аз 10 000 нафар аст.
XS
SM
MD
LG