Пайвандҳои дастрасӣ

ИМ хостори афзоиши фишор бар Эрон шуд


ск

Залмай Халилзод, сафири ИМА дар СММ хостори афзоиши фишори Шӯрои амнияти Созмони милал дар посух ба сарпечии Теҳрон аз қатъи ғанисозии ураниум шуд.


Ба гуфтаи ӯ, ин фишор барои он зарур аст, ки мақомоти Эрон аз идомаи пажӯҳиши барномаи ҳастаӣ даст бардорад.


Дар гузориши ахиран мунташиршудаи Оҷонси байнулмилалии неруи ҳастаӣ ва ё МАГАТЭ омадааст, Теҳрон на фақат ғанисозии ураниумро қатъ накардааст, балки ин амалро густариш додааст.


Дар гузориш ҳамчунин гуфта шудааст, ки мақомоти Эрон дастрасии нозирони таслиҳотии Созмони милал ба муассисаҳои ҳастиии кишварро маҳдуд карданд.


Гуфта мешавад, ки Теҳрон дар пешорӯи таҳримҳои нави Шӯрои амният қарор дорад.
XS
SM
MD
LG