Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Милан - беҳтарин дастаи Аврупо


Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо: Милан 2 - 1 Ливерпул

Милан Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо дар мавсими 2006-2007-ро ба даст овард.

Милан дар бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи олимпии шаҳри Афина - пойтахти Юнон бар дасти Ливерпул бо ҳисоби ду бар як пирӯз омад ва ҳамин тариқ аз он интиқоми бохти ду соли пеш дар ҳамин марҳалаи ҳамин мусобиқотро ситонид.

Ҳарду тӯби Миланро Филиппо Индзаги ба самар расонд. Ва аммо танҳо тӯби англисҳоро дар дақоиқи охири бозӣ Кейт ба ҳадаф расонд.

Воқеан, дар ҳоле, ки аксари коршиносон қабл аз бозӣ тахмин мезаданд, ки бозигарони Милан ба эҳсоси интиқом дода шуда боз бори дигар маззаи талхи бохтро мечашанд, шореҳи варзиши Радиои Озодӣ Нарзуллои Латиф бегоҳи бозӣ дар сӯҳбати худ дар радио гуфт, Ҷомро Милан ба даст меорад. Ҳафтаи қабл ҳамин гуна тахмини шореҳи варзиши Озодӣ дар мавриди Севиля дуруст омада буд.

Ҳамин гуна, Милан барои ҳафтумин бор ин Ҷомро соҳиб шуд ва муҳоҷими ин даста, Кака бо даҳ тӯб беҳтарин нишонзани мусобиқот гардид.
XS
SM
MD
LG