Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико - нахустин рақиби Тоҷикистон


Баъдан дар дуввумин дидори худ дастаи Тоҷикистон рӯзи 23-юми август бо тими Белгия рақобат хоҳад кард. Ва дар бозии севвуми худ дар гурӯҳи «Е» наврасони тоҷик рӯзи 26-уми август бо дастаи Тунис зӯрозмоӣ мекунанд.

Марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон бо ширкати 24 дастаи мунтахаб дар шаш гурӯҳ дар пойтахти Куриёи Ҷанубӣ - шаҳри Сеул аз 18-уми август то 9-уми сентябри соли равон доир мегардад.


Марҳилаи дуввуми Лигаи баскетболи Тоҷикистон байни дастаҳои мардона шурӯъ шуд.

Дастаи «Феникс»-и Душанбе бар тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 85 бар 50 ғалаба кард. Дар бозии дигар дастаи «Фаэтон»-и Душанбе тими «ВИД»-и Душанберо бо натиҷаи 78 бар 56 шикаст дод.
Дар айни ҳол дастаи «Феникс», ки дар ҳамаи 5 дидор ғолиб омадааст, бо 10 имтиёз дар ҷадвали мусобиқот дар зинаи аввал қарор гирифтааст. Дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Фаэтон» бо ҳафтимтиёзӣ бо назардошти таносуби тӯбҳо мутаносибан дар зинаҳои дуввуму севвум ҷойгир шудаанд.

Бозиҳои даври шашуми Лигаи баскетболи Тоҷикистон рӯзи 27-уми май дар толори бозиҳои дастии шаҳри Душанбе миёни тимҳои «ВИД» ва «Регар» ТадАЗ, «Новий век» ва «Фаэтон» баргузор мешаванд.


Дар шаҳри Душанбе дар толори варзишии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мусобиқаи дастаҳои баскетболи занона барои гиромидошти хотираи устоди варзиш Лайлӣ Ғоибова ба анҷом расид.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ ҳафт дастаи макотиби олӣ ва варзишии пойтахти кишвар ширкат карданд. Дастаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар бозии ниҳоӣ бар дастаи «Новий век» бо натиҷаи 65 бар 35 пирӯз шуда, соҳиби ҷойи аввал гардид. Дастаи «Новий век» дуввум шуд.
Дастаи мактаби махсуси захоири олимпии шумораи 5, ки бар тими Донишкадаи забонҳо бо натиҷаи 40 бар 18 ғолиб омад, дар ҷойи севвум қарор гирифт.

Ҳамзамон мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Федеросиюни баскетболи Тоҷикистон бо ширкати нӯҳ даста аз манотиқи мухталифи кишвар ҷараён дорад.

Пас аз ҷамъбасти бозиҳои даври ҳафтуми мусобиқот дастаи «Зӯҳро-1»-и Душанбе бо 13 имтиёз дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. Дастаи «Зӯҳро-2», ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. Бозиҳои даври ҳаштум рӯзи 27-уми май доир мегарданд.
XS
SM
MD
LG