Пайвандҳои дастрасӣ

«Урал ва Сибир дар Тоҷикистон»


Носирҷон Маъмурзода Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи «Урал ва Сибир дар Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид. Дар ин намоишгоҳ ҳудуди 20 ширкати тиҷории Русия ва корхонаҳои санъатии Тоҷикистон ширкат варзиданд. Зимнан, қарор аст дар чаҳорчӯби ин намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои тиҷории Тоҷикистону минтақаҳои Уралу Сибири Русия доир гардад.

Ширкатҳои санъатии манотиқи Уралу Сибири Русия изҳори омодагӣ карданд, ки дар соҳоти энержию сохтмони корхонаҳои муштараки санъатӣ, интиқоли меваҷоти Тоҷикистон ба Русия ва коркарди онҳо ҳамкориҳои мушаххасе роҳандозӣ кунанд. Ҳамзамон ширкатҳо ва доираҳои тиҷории Русия дар сӯҳбат бо мақомоти Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки молу колои истеҳсоли корхонаҳои водии Челябинск ба мисли металҳои ранга, фанноварии санъатию кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонии нерӯгоҳҳои хурд ба бозори Тоҷикистон ворид карда шавад.
Мири шаҳри Магтиногорск Евгений Карпов мегӯяд, доираҳои тиҷории минтақаи Уралу Сибир алоқа доранд, бо Тоҷикистон ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ба роҳ монанд ва ширкатҳои ин минтақа бо як даста пружаву пешниҳодот вориди Душанбе шудаанд. Вай афзуд: «Мо тавассути нахустин ҳавопаймои хатсайри мустақими Магнитогорск-Душанбе омадем ва умедворам, ин ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад. Мо авзои иқтисодии Тоҷикистонро мавриди омӯзиш қарор хоҳем дод ва дар натиҷа, он лоиҳаҳое, ки тарҳашонро рӯйи даст дорем, ба мақомот пешниҳод хоҳем кард. Ман медонам, ки имрӯз дар Тоҷикистон соҳаи металлургия тақрибан фалаҷ аст, вилояти Челябинск, тавре медонед, манбаъи аслии тавлиди металлургия мебошад ва мо дар ин бахш дасти худро барои ҳамкорӣ дароз мекунем. Ҳамзамон бар асоси мушоҳадаҳо, дар Тоҷикистон фанноварии марбут ба умури сохтмон камчин аст ва ниёзҳо ба ин навъи масолеҳ эҳсос мешавад. Ва эҳтимолан мо роҳҳои мусоидат дар рушди иқтисоди Тоҷикистонро баррасӣ мекунем».


Дар ҳамин ҳол Герман Запянтсев, раиси утоқи бозаргонии Магнитогорск мегӯяд, мизони ҳамкориҳои иқтисодии минтақаҳои Уралу Сибири Русия бо Тоҷикистон ҳанӯз қонеъкунанда нест ва ҳадаф аз ташкили ин намоишгоҳ ёфтани роҳҳои рушди ин равобит ва бунёди корхонаҳои муштарак аст: «Ҷониби Тоҷикистон шавқмандии худро оид ба ҳамкорӣ дар бахши металлургия изҳор доштааст. Онҳо мехоҳанд маҳсулоти корхонаҳои коркарди метали водии Челябинскро харидорӣ кунанд, ҳоло гуфтушунидҳо идома доранд».

Намояндаи бузургтарин корхорхонаи коркарди метали вилояти Челябинск Руслан Конов мегӯяд, ширкати мазкур ҳар моҳ то 90 ҳазор тонна масолеҳашро ба кишварҳои узви Ҷомеаи муштаракулманофеъ интиқол медиҳад, аммо аз ин миён дар соли ҷорӣ танҳо се ҳазораш ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст: «Ҳузури мо дар бозори истеъмоли метали Тоҷикистон ночиз аст. Ҳадафи мо ин аст, ки ин бозорро мавриди омӯзиш қарор диҳем ва роҳҳои афзоиши интиқоли моли корхона ба ин кишварро ҷустуҷӯ намоем. Аммо ман ҳанӯз пешниҳоди мушаххасеро аз забони соҳибкорони тоҷик доир ба ҳамкорӣ бо корхонаи мо нашунидаам».

Намояндагони корхонаҳои санъатии Тоҷикистон низ, ки бо ширкати худ дар ин намоишгоҳ ишора омодагии худ барои ҳамкорӣ бо соҳибкорони рус мекарданд, мегӯянд, иқтидори тавлидотии онҳо имкон намедиҳад, ки равобит ё мубодилаи баробари мол миёни онҳо роҳандозӣ шавад.
XS
SM
MD
LG