Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аl: Шиканҷаи маҳбусон дар Тоҷикистон


Созмони Афви Байнулмилал (Amnesty International) аз ҳодисаҳои шиканҷаи маҳбусон дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кард.

Дар ин гузориш омадааст: "Дар моҳи майи соли гузашта 12 маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа бо иттиҳоми моҷароангезӣ дар додгоҳ муҳокима шуданд. Ин иттиҳом аз он ҷо маншаъ мегирад, ки наздик ба 100 маҳбус дар моҳи августи соли 2005 аз шароити баду ғайриинсонии маҳбас, боздошт ва бадрафториҳои пайваста эътироз карданд ва бархе аз онҳо шоҳраги дастони худро буриданд, то худкушӣ кунанд."

Мояи дигари нигаронии СММ ин аст, ки танҳо шумори маҳдуди мансабдорони давлат ба мавҷудияти шиканҷа ва бадрафторӣ иқрор мекунанд.

Дар идомаи гузориши солонаи Афви Байнулмилал гуфта мешавад, дар моҳи майи соли гузашта узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саъдулло Маъруфов дар шӯъбаи милисаи ноҳияи Исфара дар ҷараёни бозпурсӣ ба ҳалокат расид ва гумонбаршудагони узвият дар созмонҳои мамнӯъи исломӣ аз муҳокимаи одилона дар додгоҳ маҳруманд.
XS
SM
MD
LG