Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳабси як шаҳрванди Афғонистон дар Фархор


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон хабар дод. Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати умури дохилӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар чаҳорчӯби як амалиёти Раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддари вобаста ба ин вазорат, дар ҳудуди ноҳияи Фархори вилояти Хатлон Абдулло валади Карим, шаҳрванди 29-солаи Афғонистон бо миқдори зиёди ҳероин боздошт шудааст. Оқои Асозода афзуд: «Аз ӯ, мувофиқи маълумотномаи раёсати ташхиси криминалистӣ, ба миқдори 23 килограмму 740 грамм маводи сахттаъсири ҳероин ва ба миқдори 9 кг 578 г маводи навъи канабис ёфта, мусодира карда шуд».
Ҳамзамон тайи рӯзҳои гузашта дар шаҳри Душанбе як муҳассили мактаби миёна бо зиёда аз дуюним кило ҳероин дастгир шуд. Худойназар Асозода, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳероин дар ҷомадони ин ноболиғи 13-сола, ки дар синфи ҳафтуми яке аз мактабҳои ҳамагонии шаҳри Душанбе таҳсил мекардааст, кашф ва мусодира гардидааст. Бар асоси ин далелҳо парвандаҳои ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишот идома дорад.
Танҳо дар се рӯзи гузашта аз сӯйи кормандони вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар беш аз 70 кило маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст. Дар ин робита се нафар дастгир шудааст.
Танҳо дар чаҳор моҳи аввали соли 2007 аз сӯйи мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳудуди як тоннаву 700 кило муводи мухаддир кашф ва забт шудааст.
XS
SM
MD
LG