Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байнулмилал дар бораи Тоҷикистон


Дар моҳи майи соли гузашта 12 маҳбуси зиндони Қӯрғонтеппа бо иттиҳоми моҷароангезӣ дар додгоҳ муҳокима шуданд. Ин иттиҳом аз он ҷо маншаъ мегирад, ки наздик ба 100 маҳбус дар моҳи августи соли 2005 аз шароити баду ғайриинсонии маҳбас, боздошт ва бадрафториҳои пайваста эътироз карданд ва бархе аз онҳо шоҳраги дастони худро буриданд, то худкушӣ кунанд. Мақомоти расмӣ ин эътирозро ошӯб номиданд, вале хешу пайвандони маҳбусон дар як нишасти хабарӣ аз шиканҷа дидани хешовандон ва ҳатто ҳадафи дастизӯрӣ қарор гирифтани онҳо иттилоъ дода, гуфтанд, пеш аз муҳокима захми бадани маҳбусон табобат ё рӯйпӯш шудааст. Додгоҳ аз баррасии шиканҷа дидани маҳбусон сарпечӣ карда, шикояти пайвандони маҳбусонро рад кардааст.

Дар моҳи ноябр Кумитаи зиддишиканҷаи СММ ҳангоми баррасии нахустин гузориши Тоҷикистон, аз шикоятҳои зиёди шиканҷа дидани боздоштшудагон аз тарафи мақомоти тафтишотӣ бо мақсади ба даст овардани эътирофи гумонбаршудагон изҳори нигаронӣ кард. Он ҳамчунин мақомоти додгоҳии Тоҷикистонро танқид кард, ки аз рад ё бознигарии парвандаҳое ки далоили он бо шиканҷа ба даст омадаанд, худдорӣ мекунанд. Мояи дигари нигаронии СММ ин аст, ки танҳо шумори маҳдуди мансабдорони давлат ба мавҷудияти шиканҷа ва бадрафторӣ иқрор мекунанд.

Дар идомаи гузориши солонаи Афви Байнулмилал гуфта мешавад, дар моҳи майи соли гузашта узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саъдулло Маъруфов дар шӯъбаи милисаи ноҳияи Исфара дар ҷараёни бозпурсӣ ба ҳалокат расид. мақомоти расмӣ мегӯянд, Маъруфов худро аз тирезаи табақаи саввум поин афканд, то худкушӣ кунад. Аммо ҲНИТ мегӯяд, колбадшикофии Маъруфов нишон додааст, ки вай латукӯб шудааст. Ҳамчунин гуфта мешавад, афсарон ӯро аз тиреза поин партофтаанд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ин се афсари полис боздошт шудаанд, вале аз муҳокимаи онҳо хабар дода нашудааст.

Нуктаи дигаре ки Афви Байнулмилал ба он ишора кардааст, боздошти даҳҳо нафар бо айбномаи узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизб-ут-таҳрир аст. Он мегӯяд, бо чунин гумон 50 нафар, аз ҷумла ба камияш 20 зан ва бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон 30 нафар дар Тоҷикистон боздошт шуда, пас аз муҳокимаи ноодилона дар додгоҳ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд.

Ба ҳайси пасманзар, созмони Афви Байнулмилал менависад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботе, ки САҲА онро бидуни интихоби воқеъӣ ва мубориази гуногунандешӣ меномад, даври саввуми ҳафтсолаи раёстҷумҳуриро ба даст овард.

Таҳти фишори байнулмилалӣ ҳукумати Тоҷикистон маҷбур шуд, панҷ сомонаи интернетии мустақилро баъд аз бастани онҳо дар давраи интихобот дубора боз кунад. Равобити кишвар бо ҳамсояаш Узбакистон муташанниҷ боқӣ монда, дасткам 4 шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳоми ҷосусӣ барои мӯҳлатҳои дароз зиндонӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG