Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти сад муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон


Дар Оқтеппа, як шаҳри марзии Қазоқистон беш аз 100 муҳоҷири тоҷику узбак, ки савори ду автобус озими Русия буданд, аз ҷониби пулиси муҳоҷирати ин шаҳр боздошт гардиданд. Алмат Имонгалиев, сарвари дафтари матбуоти идораи пулиси остони Оқтеппа ба радиои Озодӣ гуфт, аз ҷумлаи боздоштшудагон 13 нафарашон зан ва 12 нафар кӯдакон буданд.


Танҳо се нафари боздоштшудагон муҳоҷирони узбак ва боқӣ ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд ва аксари онҳо ба Самара равона будаанд.


Ба гуфтаи оқои Имонгалиев, ҳангоми бозрасии ҳуҷҷатҳо рӯшан гардидааст, ки 12 нафари онон корти муҳоҷират надоштаанд. Дар шиносномаи муҳоҷирони боқимонда мӯҳри таъйидкунандаи убури марз гузошта нашудааст.


Ёрбулот Саркоров, як масъули идораи пулиси остони Оқтеппа гуфт, эҳтимолан, имрӯз, фардо додгоҳи маъмурии шаҳр муҳоҷирони боздоштшударо ба иллати нақзи қавонин депорт кунад.
Насибҷон Амонӣ, Алмаато
XS
SM
MD
LG