Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе - 1 - ғолиби Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби Душанбе-1 дар панҷ ришта: гуштии миллӣ, гуштии озод, гуштии юнонию румӣ ё фарангӣ, гуштии самбо ва бокс соҳиби ҷойҳои аввал гардид. Дастаи вилояти Суғд дар риштаи варзиши сабук ва волейбол байни духтарон ғолиб шуд. Дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеъи марказ дар риштаи гуштии дзюдо пирӯз гардид. Дастаи мунтахаби вилояти мухтори Бадахшони Кӯҳӣ дар риштаи волейбол байни ҷавонмардон ҷойи аввалро ишғол кард.

Бад-ин тартиб дастаи мунтахаби Душанбе-1 бо касби 42 медали тилло, 15 нуқра ва 16 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ ғолиби Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон гардид. Дастаи мунтахаби вилояти Суғд бо касби 24 нишони тилло, 22 нуқра ва 28 биринҷӣ дар ҷойи дуввум қарор гирифт. Дастаи мунтахаби вилояти Хатлон бо касби 10 медали тилло, 20 нуқра ва 27 биринҷӣ ҷойи севвумро азони худ кард.

Дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон шоми сешанбе ба ғолибони мусобиқоти дастаӣ ҷому медал, ифтихорнома ва тӯҳфаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон супурда шуданд.

Ғолибони Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар Бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Белорус доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG