Пайвандҳои дастрасӣ

«Беадолатии доварон наврасонро дилсард мекунад...»


Абдувориси Аббос, як варзишгари наврас аз ноҳияи Истаравшан, дар нахустин мусобиқаи ҷумҳуриявии варзишӣ миёни наврасони кишвар аз рӯи гуштии римӣ-юнонӣ ғолиб ва сазовори нишони тило гардид.

Абдуворис 17 сол дорад ва панҷ сол аст, ки ба ин навъи варзиш машғул аст. Ин аввалин ширкати ӯ дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ будааст. Ӯ дар аввали суҳбат ба мо гуфт: «Ман бисёр мехостам, ки ҷои аввалро ишғол мекунам. Аз ин рӯ усул ва роҳҳои махсусро истифода бурда, лар ин мусобиқаи бонуфӯз ғолиб омадам».

Сабқати варзишии наврасони тоҷик ба анҷом расид. Маҳмуди Абдулло, мудири бахши таълимии мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ, мегӯяд, дар ин бозиҳо варзишгарони навраси вилояти Суғд маҳорати бештар нишон дода, соҳиби 15 ҷоизаи тило гаштанд. Паҳлавонони шаҳри Душанбе 6 нишони тило ба даст оварданд.

Ба иттилои Маҳмуди Абдулло, ин нахустин сабқати варзишии наврасони тоҷик дар 15 соли ахир мебошад ва дар он бештар аз 500 навраси синни то 17-сола бо ҳам рақобат карданд.

Оқои Абдулло афзуд, дар ин мусобиқа варзишгарони навраси бомаҳорат муаррифӣ шуданд, ки баъд аз ин онҳо метавонанд дар мусобиқоти байнулмилаллӣ ҳам Тоҷикистонро намояндагӣ кунанд.

Ба гуфтаи мутахассисон, замони шӯравӣ чунин сабқатҳо дар 4 сол як маротиба баргузор мешуд, аммо баъди нобасомониҳои дохилӣ ва тарки касб кардани муррабиён ҳаваси наврасон ба навъҳои мухталифи варзиш кам шуд.

Маҳмуди Абдулло афзуд, ки солҳои ахир майли ҷавонони тоҷик боз ба варзиш ва ба вижа ба риштаҳи бокс, гуштӣ, теннис ва футболу волейбол афзудааст.

Аксари наврасони варзишгар мегӯянд, онҳо мехоҳанд маҳорати худро дар мусобиқоти байнулмилалӣ ва ё берун аз кишвар такмил диҳанд, вале дар ин амал мушкилоти молӣ ба онҳо садди роҳ гардидааст. Онҳо мегӯянд: "Ба мо пайдо кардани ҳамин маблағ мушкил аст. Ба аксар мусобиқаҳо аз надоштани ҳамин маблағ нарафтем".

Насим, як мусоҳиби ҷавонам, мегӯяд, ки ҳукумат бояд барои рушди соҳаи варзиш наврасону ҷавононро боз ҳам ҷалб намуда, ба онҳо ҳамаҷониба кумак намояд. Ӯ арз мекунад: "Мушкилӣ бисёр аст. Баъзе бачаҳо шавқ доранд, аммо муррабиён маблағ талаб мекунанд ва онҳо чунин шароитро надоранд. Ман дар як зали Русия машқ кардаам, вале дар он ҷо аз ман маблағ намегифтанд".

Вале дар ҳамин ҳол Г. Хайруллобеков, сарвари мактаби варзишии вилояти Бадахшон, аз натиҷаҳои қисми аввали нахустин бозиҳои варзишии наврасон изҳори норизогӣ мекунад. Ба қавли ӯ, иштибоҳ ва беадолатии доварон дар чунин мусобиқот боиси дилсардии варзишгарони наврас мегардад: «Баъзе доварҳо ба камбудиву ғалатҳо роҳ медиҳанд. Мумкин, аз ҳамин 7 нафар варзишгари Бадахшон 5 нафарашон чемпион мешуданд. Мо эътироз кардем ва танҳо 3 нафарашон ғолиб дониста шуданд».

Ба иттилоъи Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳӣ назди Ҳукумати Тоҷикистон, ғолибони бозиҳои варзишии наврасони кишвар дар ҳайъати дастаи мунтахаби кишвар дар бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Брести Беларус доир мегардад, ширкат меварзанд.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG