Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷумҳурии Осиёи Марказӣ?


Ахиран раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев аз кишварҳои ҳамсуд расман даъват кард, то як Иттиҳоди давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсис дода шавад. Оқои Назарбоев гуфт, дар сурати таъсиси чунин як Иттиҳод миёни Қазоқистону Тоҷикистон, Узбакистону Туркманистон ва Қирғизистон ин минтақа дигар аз лиҳози иқтисодӣ комилан мустақил шуда, дигар пойбанди кишварҳои ба истилоҳ «абарқудрат» нахоҳад шуд.

Вале як идда аз коршиносони тоҷик ба ин пешниҳоди раиси ҷумҳури Қазоқистон мувофиқ нестанд ва мегӯянд, агар Тоҷикистон ба ингуна Иттиҳод шомил шавад, аз дигар кишварҳои бештар минтақа зарар мебинад.

Дар ин робита Абдулғанӣ Маҳмадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон ва яке аз иштирокдорони ин нишаст, мегӯяд: "Албатта, мо розӣ шуда наметавонем, ки дар Осиёи Марказӣ як давлати ягона ташкил шавад. Чунки дар он вақт мо забони худро гум карда ва истиқлолиятро аз даст медиҳем. Беҳтар аст ин идеяҳо дар шакли як созмон амалӣ шаванд".

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси дигари тоҷик, бар ин назар аст, ки шомил шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди мавриди назар хатари фаноёбии миллати тоҷикро эҷод мекунад ва беҳтар аст, ки Тоҷикистон бо мамолики форсизабон чун Эрону Афғонистон вориди ин Иттиҳод шавад: «Ҳама гуна иттиҳодияҳое, ки дорои сохторҳои фаромиллӣ мегарданд, ҳатман аз ҷониби онҳое барпо мешаванд, ки ё нуфӯзи бештари иқтисодӣ дошта бошанд, ё теъдоди зиёди аҳолӣ, ва ё аз ҳувияти мустаҳками миллӣ бархурдор... Дар ҳоле ки тамоми Осиёи Марказӣ 55-60 миллион аҳолӣ дорад, Тоҷикистон ҳамагӣ 7 миллион нуфус дорад, ва кишвари кӯчаке дорои марзубуми кам ҳам ҳаст. Худ қазоват кунед, ки ҳангоми халос хӯрдан аз ҳама гуна сарҳадот ва ташкил кардани сохторҳои фавқулмиллӣ, киҳо ин сохторҳоро пур мекунанд ва ба тоҷикон аслан чи мерасад? Дар ҳамин вақту соат ҳама гуна таваҷҷуҳ барои сохтани давлати фаромиллии Осиёи Марказӣ бар нафъи тоҷикон ҳамчун қавм ё мардум нест».

Вале Болат Ауелбаев, як масъули Пажӯҳишгоҳи стротежии Қазоқистон, мегӯяд, кишвараш бо матраҳ сохтани мавзӯи ташкили Иттиҳоди давлатҳои Осиёи марказӣ қасд надорад, ки дар минтақа лидер гардад. Ба гуфтаи оқои Ауелбаев, дар сурати мавриди иҷро қарор гирифтани пешниҳоди Назарбоев, ҳаққи кишварҳо ба унвони узви комилҳуқуқи Иттиҳоди нав таъмин мешавад. Ӯ дар мавриди ақидаи коршиносони тоҷик ба пешниҳоди раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт: «Қазоқистон мехоҳад бо кишварҳои ҳамсоя вориди муколамаи густурда ва бо риояи ҳаққи баробар шавад. Тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ аз созмонёбии Иттиҳод манфиат мебинанд. Ба ақаидаи вай, танҳо бояд тамоми кишварҳо ба шакли нави давлатдорӣ омода бошанд, ҳарчанд баъзе аз кишварҳои минтақа ҳанӯз аз ин ғоя ҷонибдорӣ намекунанд. Агар Тоҷикистон ҳоло аз ин пешниҳоди Қазоқистон пуштибонӣ намекунад, пас мо чорае надорем, ба ҷуз эҳтироми ин тасмим».

Дар ҳамин ҳол ҷониби Тоҷикистон дар нишасти байнулмилалии Душанбе бештар рӯи пешниҳоди раисиҷумҳури ин кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди на Иттиҳод, балки як созмони минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон моҳи апрел дар паёмаш ба Маҷлиси олӣ гуфта буд, ки давлати Тоҷикистон пешниҳод дороад, то дар минтақа созмоне таъсис дода шавад, ки ҳамаи кишварҳоро ба иқтисоди ҷаҳонӣ чун шарикони комилҳуқуқ ворид намояд.

Вале хабарнигорон аз забони коршиносони қазоқистонӣ, ки дар нишасти Душанбе ширкат доштанд, низ пуштибонӣ аз даъвати Эмомалӣ Раҳмонро нашуниданд.

Дар ҳамин ҳол бо гузашти чанд ҳафта аз баёнияҳои Нурсултон Назарбоев оид ба таъсиси иттиҳод ва Эмомалӣ Раҳмон доир ба бунёди созмони минтақавӣ ҳеҷ як аз давлатҳои Осиёи Марказӣ вокунише нишон надодааст.
XS
SM
MD
LG