Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Урал ва Сибир дар Тоҷикистон


Имрӯз, 21-уми май, дар кохи «Ваҳдат»-и Душанбе намоишгоҳи дурӯзаи «Урал ва Сибир дар Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид.


Ташкилкунандагони намоишгоҳ аз ҷониби Русия утоқҳои тиҷоратӣ-бозургонии шаҳрҳои Магнитогорск ва Южно-Уралск буда, тарафи тоҷикистонии он Утоқи тиҷоратӣ-бозургонии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.


Намоишгоҳи мазкур таҳти васояти ҳукумати Тоҷикистон доир мегардад.


Дар назар аст, ки дар доираи намоишгоҳ як мизи гирд таҳти унвони «Фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дурнамои рушди ҳамкории манотиқи Уралу Сибир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон», нишасти матбуъотӣ ва гуфтушуниди байни ҷонибҳои эҳтимолии ҳамкор баргузор шаванд.


Ончунон ки як нафар аз масъулини намоишгоҳ гуфт, ҳадафи асосии баргузор кардани он барқарор муносиботи баъди пошхӯрии Иттиҳоди шӯравӣ азбайнрафта ва роҳандозии алоқаҳои наву дарозмуддати тиҷоратӣ-иқтисодии байни корхонаҳои Уралу Сибири Русия бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG