Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Бидуни ислоҳи қонун интихобот маънӣ надорад..."


Алишер Сафаров, як масъули Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, бо таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ аз ҷумла гуфт,ки дар робита ба ҷараён ва натоиҷи интихоботи мазкур мавориди нақзи қонун ба қайд гирифта нашудааст ва, аз сӯи дигар, нозирон ва намояндагони аҳзоби шикастхӯрда низ шикоят ва эътироз накардаанд.

Вале дар ҳамин ҳол коршиносон бо ишора ба мансубияти руқабои номзадҳои Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки аз аҳзоби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ду ҳизби, ба гуфтаи ин коршиносон, усулан аз мавзеъи ҳизби ҳоким пуштибонӣ мекардаанд, мегӯянд интихоботи баргузоршуда дар ин ҳавзаҳо бештар ба як намоиши аз қабл тарҳрезишуда шабоҳат дошт ва дар ин маърака миёни муддаиёни курсии порлумонӣ рақобат эҳсос намешуд.

Вале бо ин вуҷуд намояндаи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз тарзи ташкили комиссиюнҳои қитъавӣ дар ҳавзаи интихоботӣ, ки танҳо аз намояндагони ҳизби ҳоким таркиб ёфтаанд, интиқод кард.

Ин нуктаро Ҳикматулло Сайфуллозода, масъули Маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ таъкид кард ва гуфт, ки бидуни ворид кардани ислоҳот ба қонуни амалкунандаи интихоботи Маҷлиси Намояндагон вуруди намояндагон аз аҳзоби мухолифи сиёсӣ дар порлумон ғайриимкон аст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, қонуни мазкур ба гунае навишта шудааст, ки танҳо ҳизби ҳоло ҳоким барои ҳамеша метавонад ҳам ҳокимият биронад ва ҳам шохаи қонунгузории давлатро таҳти контрол дошта бошад.

Вале Асомиддин Саидов, раиси кумитаи Маҷлиси Намояндагон дар масоили робита бо ҷомиъа, бар ин назар аст, ки дар таҳия ва қабули Қонуни интихоботи Маҷлиси намояндагон дар ду соли пеш намояндагони аҳзоби мухолиф низ ширкат доштанд ва, агар ҳоло ин аҳзоб мехоҳанд қонуни мазкур боз ҳам тағйир дода шавад, бояд лоиҳаи худро ба ниҳоди қабули қонун пешниҳод кунанд.

Назари Амнияти Абдулназар, муовини аввали раиси Ҳизби сосиал-демократи Тоҷикистон, ба гунаи дигар аст. Ӯ бар ин ақида аст, ки таҳия ва қабули қонуни нави интихоботи Маҷлиси намояндагон, ки шароити мусовии ширкат барои ҳама созмонҳои сиёсии кишварро фароҳам созад, як зарурати таъхирнопазир аст. А. Абдулназар афзуд, ки қонуни амалкунанда барои ташкил ва баргузории интихобот ҳаққи бештарро ба ихтиёри ҳокимияти иҷроия вогузор кардааст, ки саҳеҳ нест.

Ба ин тартиб дар ҳамаи ҳафт ҳавзаи «холишуда» намояндагони ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ барандаи интихоботи Маҷлиси намояндагон эълон шуданд.

Комиссиюни Марказии интихоботи Тоҷикистон замони интихоботи миёндавраӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлонро рӯзи 8-уми июл эълон кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG