Пайвандҳои дастрасӣ

"Порлумон -- оғил, вакилон -- хар!"


Порлумони Афғонистон рӯзи душанбеи 21-уми май як вакили худ, хонуми Малолай Ҷӯёро барои ба оғилхона ё боғи ҳайвонот ташбеҳ додани порлумон ва баъзе шарикони вакилашро "бадтар аз хару гов" номиданаш аз ҳайъати порлумон хориҷ кард. Палатаи поёнии порлумон ба қатъи ваколати Ҷӯё, ки то соли 2010 мӯҳлат дошт, раъй дод. Худи хонуми Ҷӯё дар ин ҷаласа ширкат накард.

Дар гузашта суханони хонуми Ҷӯё бар зидди ширкаткунандагони ҷанги зидди Шӯравӣ низ баҳсу баррасиҳоеро ба миён оварда буд.
XS
SM
MD
LG