Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷаласаи солонаи Бонки Аврупо дар Қазон


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд ҷаласаи солонаи худро дар Қазон, пойтахти ҷумҳурии Тотористони Русия идома дод. Мақомоти бонк мегӯянд, интихоби Қазон ба ҳайси ҷойи баргузории ҷаласа, рамзи он аст, ки бонк мехоҳад, аз Аврупои Марказӣ фаротар равад ва ба сӯи Балкан, Осиёи Марказӣ, минтақаҳои Русия ва Муғулистон ҳаракат кунад. Раиси бонк Жан Лемйер дар расми оғози ҷаласа рӯзи якшанбе гуфт: "Ҷаласа дар Тотористон як тасмим муҳими бонк аст. Тотористон рамзи минтақаҳои Русия аст, рамзи иқтисоди густаришёбанда ва ҷомеаи нирӯманд бо омезиши фарҳангҳоу динҳо. Он намоёнгари ояндаи Русия ва ояндаи бонк аст."


Бонки Аврупоии Бозсохт ва Рушд дар соли 1991 таъсис ёфт, то ба кишварҳои коммунист дар гузариши онҳо ба иқтисоди бозор кӯмак кунад. Мақомоти он имрӯз тасмим хоҳанд гирифт, ки се миллиарду дусад миллион доллар қарзро чигуна тақсим кунанд.
XS
SM
MD
LG