Пайвандҳои дастрасӣ

Бонки Аврупо мегӯяд, зиндагии мардум дар Шӯравии собиқ беҳбуд надидааст


Ҷеремӣ Бранстен Пажӯҳиши муштараки Бонки аврупоии бозсохт ва рушд (БАБР) ва Бонки Ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки аксарияти мардум дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва шӯравии пешин гуфтаанд, дар 15 соли охир ҳаёти онҳо беҳтар нашудааст. Ин ҳам дар ҳоле ки тақрибан ҳамаи давлатҳои дар ҳоли гузор аз пешрафти иқтисодӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоӣ гузориш медиҳанд.

Сариқтисодчии БАБР, Эрик Берглоф, ки ҳоло дар ҷаласаи солонаи ин бонк дар Қазон аст, телефонӣ ба радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар ин минтақаи паҳновар рӯ ба беҳист ва посухи ширкаткунандагони пажӯҳиш бештар натиҷаи сахтиҳоест, ки мардум дар ин давра ба сар бурданд: "Бисёрии инҳо алами рӯйдодҳои солҳои навадум аст ва ҳоло баъзе чизҳо беҳтар шудаанд, чунончи, аксари ин кишварҳо бештар қобили пешгӯиянд, эътидоли бештар доранд ва арзишҳои ростине дар пешрафти ҷомеа корбаст мешаванд. Аммо ин як фароянди бисёр сахт ва пурхарҷу пурмашаққат буд ва эҳсоси аксари мардум ин аст, ки онҳо дар рӯйдодҳои дардноки солҳои навадум ҳаёти худро бохта, саргум задаанд."

Пажӯҳиш нишон медиҳад, ки ҳоло акнун бисёре аз мардум инро донистааст, ки ҷомеаҳои пасошӯравӣ амиқан тақсимшуда мебошанд. Вартаи байни пирону ҷавонон, мардуми русто ва сокинони шаҳр дар давраи нав ба маротиб васеътар шудааст. Эрик Берглоф мегӯяд, ба ҳар ҳол ҷавонон ва таҳсилгардагон ба оянда ва мавҷудияти имкониятҳо хушбинтаранд: "Бояд гуфт, ақидаҳо бо назардошти синнусол ва сатҳи даромад ё таҳсил хеле фарқ мекунанд. Ҷавонтарҳо нигоҳи мусбаттар доранд. Ҳам дар бораи дастовардҳо ва ҳам дар бобати оянда. Таҳсили бештар доштан ба маънои вазъи беҳтар доштан шинохта мешавад."

Аммо муаллифони гузориш мегӯянд, ҷавонон ва таҳсилдидагон ё ҷамъан хушбинҳо танҳо як ақаллиятро ташкил мекунанд. Пажӯҳиш нишон додааст, ки аксари мардум ба аҳамияти иқтисодиёти нав ва демократия эътиқод надоранд.

Сариқтисодчии БАБР мегӯяд, ин пажӯҳиш бояд барои давлатмардони Аврупои Шарқӣ ва Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд як танаффусе бошад бо мақсади андеша ва таҳқиқ. Дастикам барои он ки чаро бисёре аз ин кишварҳо аз рушди иқтисодӣ гузориш медиҳанд, вале аксарияти мардумонашон ҳамоно дар фақру дард ба сар мебарад ва гурӯҳи хурде аз пешрафти иқтисодӣ сарватманд мешавад. Вай меафзояд, бояд диққати бештаре ба гулугир кардани корупсия ва ҳалли мушкилиҳои иҷтимоӣ дода шавад, то мардум ба оянда умедвор шавад: "Пажӯҳиш рӯшан кардааст, ки сифати беҳдошту маориф фурӯ афтодааст ва мардум вазъи ин риштаҳо дар гузаштаро бо ҳасрат ёд мекунанд. Ҳол он ки на сифат, балки дастрасии умумӣ ба беҳдошт ва маориф сабаби ин муҳаббат аст. Мо низ бояд фикр кунем, ки ба ин риштаҳо дар ин кишварҳо чи мададе расонда метавонем."

Ба муносибати нишасти солонааш БАБР ҳамчунин гузориши вазъи иқтисолдӣ ва молии кишварҳои узвашро ба нашр расондааст, ки тибқи он, Тоҷикистон ҳарчанд ба пешрафтҳои нисбӣ ноил шудааст, номувозанатӣ дар риштаи макроиқтисодӣ ҳамоно боқист. Бар замми ин таваррум ё беқурб шудани пул дар соли гузашта наздик ба 13%-ро ташкил дод, ки ҳамаи гуна афзоиши даромади аҳолиро бефоида кард. Ва ҳарчанд сармоягузории хориҷӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст, ба ҳадди охирини худ расидани қарзи берунаи Тоҷикистон ва вазни қарзи дохилӣ дар миёни кишоварзон ба омилҳои хатар табдил ёфтаанд. Ва инчунин пойбандии кишвар ба ду соҳаи алюмин ва пахта калавишҳои нархро барои Тоҷикистон дарднок мекунаду фишори бештари Русия ба муҳоҷирони тоҷик ин манбаъи даромадро метавонад коҳиш диҳад.
XS
SM
MD
LG