Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми футболи Тоҷикистон шурӯъ шуд


Дар марҳилаи аввали ин мусобиқот ҳамагӣ 16 даста, минҷумла 11 тими лигаи олӣ ва 5 дастаи лигаи аввал ширкат доранд. Дар ҳафт бозии аввали марҳилаи муқаддамотӣ мизбонон ғалаба карданд. «Энергетик»-и Душанбе бар дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи 4 бар 2, «Динамо»-и Душанбе бар «Ҳулбук»-и Восеъ бо натиҷаи 3 бар 0, «ХИМА»-и Душанбе бар «Равшан»-и Кӯлоб бо натиҷаи 10 бар 1, CSKA «Помир»-и Душанбе бар «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 0, «Саройкамар»-и Панҷ бар тими «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо натиҷаи 2 бар 0 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар дастаи «Ҳисор»-и Ҳисор бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯз шуданд.

Танҳо як бозӣ бо пирӯзии дастаи меҳмон хотима ёфт. «Регар ТадАЗ»-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2006 «Хуҷанд»-и Хуҷандро бо натиҷаи 3 бар 1 шикаст дод.

Бад-ин тартиб дастаҳои «Регар» ТадАЗ, «Парвоз», «ХИМА», «Динамо»», «Энергетик» ва «Саройкамар» барои роҳ ёфтан ба марҳилаи баъдии Ҷоми Тоҷикистон заминаи боэътимод гузоштанд. Ва танҳо дар ду бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Вахш» ва CSKA «Помир», «Ҳисор» ва «Тоҷиктелеком» мубориза барои роҳ ёфтан ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ хеле пуршиддат хоҳад шуд.

Бозиҳои ҷавобии марҳилаи авали Ҷоми футболи Тоҷикистон рӯзҳои 26-ум ва 27-уми май баргузор мешавад.

Бозиҳои варзишии наврасони Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯби чорабиниҳои «Ҳафтаи ҷавонон» дар шаҳри Душанбе ҷараён доранд, рӯзи 22-юми май ба анҷом мерасанд.

Ин бозиҳо бо ширкати беш аз 600 нафар дар ҳашт риштаи варзиш сурат гирифтааст. Пас аз ҷамъбасти панҷ навъи варзиш дар ҳисоби умумидастаӣ вилояти Суғд дар ҷойи аввал, шаҳри Душанбе дар ҷойи дуввум ва вилояти Хатлон дар ҷойи севвум мебошанд.

Рӯзи охирини бозиҳо мусобиқоти ниҳоӣ дар риштаҳои бокс, волейбол ва гуштии самбо баргузор мешавад.


Ба иттилоъи Дилбар Шарифова, мудири иҷроияи Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, ҳашт нафар варзишгарони навраси маълули кишвар дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бухорои Узбакистон 11 медал, минҷумла чаҳор нишони тилло, чаҳор нуқра ва се биринҷӣ ба даст оварданд.

Меҳрдод Икромзода дар ду навъи рақобатҳо - давидан ба масофаи 50 метр ва ҳаво додани тӯби теннис соҳиби ду медали тилло гардид. Далер Соқиев дар давидан ба масофаи 100 метр ва Гулмира Сайматова дар ҷаҳиш аз ҷой бо нишони тилло мукофотонида шуданд.
XS
SM
MD
LG