Пайвандҳои дастрасӣ

10 нафар қурбони террористи худкуш шуданд


Бар асари як амали худкушонаи шахси номаълум дар бозори серодами шаҳри Гардез, маркази вилояти Пактиёи Афғонистон, дастикам 10 нафар ҷони худро бохтанд. Бино бар иттилоъи мақомоти интизомии ин шаҳр боз 30 нафари дигар аз ин инфиҷор ҷароҳатҳои вазнин бардошта, ба бемористони марказии Гардез интиқол гардиданд.


Ин мақомот ҳамчунин гуфтаанд, ки мақсади аслии ин террористи худкуш корвони мошинҳои нерӯҳои эътилофӣ будааст, ки дар ҳамин вақт аз маркази шаҳр мегузашт.

Намояндагии эътилоф ҷароҳатбардории чанд нафар аз сарбозони худро дар натиҷаи ин инфиҷор таъйид намуда, аз тафсири бештар дар ин мавзӯъ худдори кард.
Дар ҳамин ҳол ҳаракати Толибон зимни ба зимма гирифтани инфиҷор ба ҳукумати Афғонистон ҳушдор додааст, ки теъдоди чунин амалиёт зиёд хоҳад шуд.


Ниҳоди истихборотии нерӯҳои эътилоф низ хабар медиҳанд, ки террористон баъди танаффуси зимистонӣ дар ҳоли фаъолшавианд.
XS
SM
MD
LG