Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз, исми ду вакили нави порлумони Тоҷикистон эълон мешавад


Имрӯз, 21 май, Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ғолибони интихоботи миёндавраӣ ба порлумони ин кишвар дар ду ҳавза: Ёвон ва Абдураҳмони Ҷомиро эълон мекунад.


Бино бар натоиҷи қаблии КМИР, дар ҳавзаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ беш аз ҳаштод дар сад ва дар ҳавзаи ноҳияи Ёвон тақрибан ҳафтод дар сади раъйдиҳандагон ширкат кардаанд ва бад ин тартиб, интихобот дар ин ду ҳавза баргузоршуда маҳсуб мегардад.


Низомуддин Қосимов, як масъули КМИР ба Радиои Озодӣ гуфт, то шоми 20 май ҳанӯз ягон шикояте унвонии КМИР аз ҷараёни интихобот нарасида буд. Ба гуфтаи ҷаноби Қосимов, намояндагони сафоратҳои Фаронса, Бритониё, созмони САҲА ва аҳзоби сиёсӣ рафти интихоботро назорат кардаанд.


Интихоботи миёндавраӣ дар ин ду ҳавза бино бар ҳарфи коршиносон, бидуни ширкати аҳзоби мухолиф ва бидуни рақобати амалӣ сурат мегирад. Дар ҳавзаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Сафар Сафаров, собиқ сафири Тоҷикистон дар Русия аз ҲХДТ бо Холмурод Неъматуллоев, номзад аз Ҳизби кишоварзӣ ва муовини раиси ноҳияи Ҷомӣ ва дар ҳавзаи ноҳияи Ёвон Рустам Назаров, муовини раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳисориев, номзад аз ҲХДТ рақобат мекунанд.
XS
SM
MD
LG