Пайвандҳои дастрасӣ

Тазоҳурот дар назди телевизиони Останкино


cl

Садҳо нафар аз шаҳрвандони Русия дар рӯбарӯи дафтари марказии телевизионии Останкино алайҳи сонсур шудани намоишҳои ин телевизион эътироз карданд.


Дар ин ҳамоиш, ки аз сӯи ҳизби Яблоко ва ҳомиёни ҳуқуқи башар созмон дода шудааст, аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки телевизион ҳарчӣ бештар зери итоати ҳукумат қарор мегирад ва аҳзоби мухолиф аз ибрози ақида тавассути телевизион маҳрум мешаванд.


Ин тазоҳурот як рӯз баъд аз истеъфои ҳафт журналисти Хадамоти хабарии Русия бо эътироз аз фишори мақомоти давлат ба фаъолияти хабарнигорон ба вуқӯъ пайваст.


Ба иттилоъи хабарнигори Родиёи Озодӣ, дар ин ҳамоиш, ки бори саввум баргузор мешавад, тақрибан 500 нафар ширкат доштанд.
XS
SM
MD
LG