Пайвандҳои дастрасӣ

Румӣ ва Ҳёте - гуфтугӯи тамаддунҳо


Ин байти маъруфи Ҷалолиддини Румӣ - шоири шаҳири тоҷики асри сездаҳи милодӣ дар ҳамоиши адабии байнулмилалии Хуҷанд ба гунае тафсир ёфт, ки қалбҳо ва арзишҳои волои маънавии одамон, новобаста ба тавофутҳои қавмиву нажодӣ, инсонҳову халқҳо ва фарҳангу тамаддунҳои мухталифро дар ҳама давру замонҳо ва дар гӯшаву канорҳои ҷаҳон ба ҳам меоварад ва пайванду ягонагӣ медиҳад.

Ҳамоиш дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар мавзӯи «Румӣ ва Ҳёте - гуфтугӯи фарҳангҳои Шарқу Ғарб» дар давоми ду рӯз бо иштироки донишмандону адабиётшиносони Тоҷикистону Олмон, Русияву Узбакистон ва Эрон баргузор гашт. Матлубаи Мирзоюнус, адабиётшиноси тоҷик, аз ширкаткунандаҳои ҳамоиш гуфт, ашъори безаволи ин ду шоири ҷаҳонӣ - Румӣ ва Ҳёте, «Маснавии маънавӣ» ва «Девони ғарбиву шарқӣ» канори ҳам, дар тӯли асрҳо нақбеву роҳҳое маънавӣ байни дилҳои одамон кушудаанд: «Ин ҳар ду мехостанд пуле миёни мардумон созанд, мардумон ва тамаддуни ғарбиву шарқиро ба ҳам омезиш диҳанд, то як фазои сулҳу мусолиҳаву ҳамдигарфаҳмӣ дар ҷаҳон барқарор бошад. Ва имрӯз ҳам сабаби ин қадар маъруф будани ин ҳар ду бузургворон дар онаст, ки инҳо моро ба ҳамдигар мепайванданд, ҷаҳони Ғарбу Шарқро ба ҳам мепайванданд, тамаддунҳо, динҳо, фарҳангҳоро ба ҳам пайванд мезананд.»

Озитои Ҳамадонӣ, муҳаққиқи иронии осори Ҷалолидини Румӣ меафзояд, ки осори ин шоир ва мутафаккири бузург аз қалбу рӯҳи ӯ, ва танида ба ҳунари беназири шоирӣ бархоста ва аз ин рӯ ба осонӣ қалбҳои дигарро тасхир мекунад. Ва айни ин маъниро дар мавриди ашъори Ҳёте - шоири беназири олмонӣ низ метавон гуфт. Хонум Ҳамадонӣ мегӯяд : «Маҳди парвариши ин шоир тафаккур ва наҳваи шеърсароийи ӯст, ки боис мешад ҷаҳониён ба ин шоир таваҷҷӯҳ бикунанд.»

Дар рӯзҳои ҳамоиш тарҷимаи «Девони ғарбиву шарқӣ» - и Ҳёте, пас аз 130 соли ба табъ расидани он, ба тариқи комил ба забони тоҷикӣ ба дасти нашр расид. Зимнан, 30 шеъри Ҳётеро шоири шинохтаи тоҷик Фарзона ба тозагӣ ба тоҷикӣ баргардон кардааст. Адабиётшинос ва аз таҳиягарони «Девони ғарбиву шарқӣ» Матлубаи Мирзоюнус меафзояд : «Нашри комили тарҷима аз ҷониби Курӯши Сафавӣ сурат гирифта, ва ниҳоят дар чаҳор- панҷ сол муқаддам доктор Маҳмуди Ҳаддодӣ тарҷимаҳоро ба сомон расониданд. Дар Тоҷикистон кори тарҷимаи ашъори Ҳӯте дар солҳои шастуми асри гуазшта шурӯъ шуда буд ва аз ҷумла бархе аз шеърҳо Ҳётеро устод Лоиқ ба тоҷикӣ гардонида буданд. Кори мо дар тартиб додани ин «Девони ғарбиву шарқӣ» - и Ҳёте аз он иборат буд, ки беҳтарин тарҷимаҳо, намунаҳои кори ҳамаи он мутарҷимонро ба ҳам орем.»

Аммо дар Тоҷикистон дар давраи Шӯравӣ нашри осори Ҷалолиддини Румӣ ба мисли осори бисёр шоирону адибон ва мутафаккирони давраҳои пешин дар зери муҳри мазҳабӣ мамнӯъ буд ва танҳо шеъре чанд ба сурати пароканда рӯи чоп омада буд. Адабиётдӯстон ва китобхонони тоҷик бо ашъори Рӯмӣ аз дастнавису нашрҳои пешини чопӣ ба ҳуруфи арабиасос, ки дар дасти онҳо маҳфуз монда буд, ошноӣ ёфта, ихлос ва муҳаббат меварзиданд. Танҳо дар нимаи дуввуми солҳои ҳаштодуми асри гузашта баргузидаи «Девони Кабир» дар чанд муҷаллад ба ҳуруфи кирилӣ дар шаҳри Душанбе ва дар тайи солҳои ахир «Маснавии Маънавӣ» низ ба ин ҳуруф дар Теҳрон ба табъ расид.

Устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд - Нуралии Нурзод мегӯяд, ҳамоиши илмиву адабии байнулмилалӣ дар Хуҷанд ба хотири шинохти ҷойгоҳ ва мақоми Румӣ ва Ҳёте дар муколамаи фарҳанг ва тамаддунҳои ҷаҳонӣ сурат мегирад. Аз нигоҳи вай, Румӣ ва Ҳёте арзиши рӯҳиву маънавии инсониро меъёр ва маҳаки ягонаи арҷгузорӣ аз инсон ва ҷомеаи инсонӣ шуморидаанд ва барои ин арзиш ҳеҷ як марзу сарҳади маснӯъиро қоил нашудаанд.
XS
SM
MD
LG