Пайвандҳои дастрасӣ

Ёде аз қурбониёни СПИД


oyandasoz@rferl.org

Дар Тоҷикистон маросими ёдбуди фавтидагон аз вируси ВИЧ СПИД бо ибитикори созмони ҷамъиятии «Гули сурх» баргузор гардид.

Дар тамоми ҷаҳон шурӯъ аз соли 1983, дар Тоҷикистон аз соли 2006 ҳар якшанбеи сеюми моҳи май рӯзи поси хотири қурбониёни ВИЧ СПИД гузаронида мешавад.

Дар ин маросим намояндагони созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ, ҷавонон, нафарони сироятёфта ва пайвандони қурбониёни ВИЧ СПИД ҷамъ омада ба хотири шод кардани рӯҳи фавтидагон шамъҳое, ки дар онҳо номҳои қурбониёни вирус навишта шуда буд, фурӯзон карданд.

Дар маросими мазкур ба ширкатдорони чорабинӣ оид ба вазъи густариши ВИЧ СПИД дар ҷомеъа, муносибати баробар бо сироятёфтагон, роҳҳои олудашавӣ ва пешгирии он итилоъи муфассал пешниҳод гардид.

Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон ҳудуди 756 мубталои ВИЧ СПИД ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле, ки моҳи январ шумораи мубталоён 710 нафар буд. Аз ин теъдод, то ба имрӯз 58 нафар фавтидаанд. Аммо ин танҳо нишондоди расмӣ аст ва ба гуфти коршиносон, шумори воқеии гирифторону фавтидагон ба маротиб бештар аст. Пизишкон мегӯянд, ин вирус ҷисми инсонро осебпазир карда боиси ба бемориҳои мухталифи сироятӣ гирифтор шудани шахс мегардад ва бисёри сироятёфтагон аз маризиҳои дигари уфунӣ ба ҳалокат мерасанд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки 70 дар сади гирифторони ВИЧ СПИД мӯътодони маводи мухаддиранд, ки тариқи сӯзандоруи олуда сироят дидаанд. Аммо дар ҳамин ҳол хатари олудашавии ҷавонон бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ду маротиба афзуда 17 дарсадро ташкил додааст.

Маълумоти бештарро аз сӯҳбатҳои сари мизи мудаввари барномаи «Ояндасоз» дастрас кунед. Ба таваҷҷӯҳи шумо сӯҳбати ошкорои як ҷавони олудаи ВИЧ СПИД, коршиносон ва ҳамсолонамон оид ба вазъи густариши вирус, рӯзгори сироятёфтагон ва вазъи ҳуқуқи онҳо пешниҳод мешавад.

Вобаста

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG