Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи миёндавраӣ дар Тоҷикистон


Имрӯз, якшанбеи 20-уми май, дар ду ҳавзаи интихоботии Тоҷикистон интихоботҳои миёндавраӣ сурат мегиранд.


Номзадҳо Сафар Сафаров, аз ҲХДТ, бо Неъматулло Холмуродов, аз Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон, дар ҳавзаи интихоботии Абдурраҳмони Ҷомӣ, ва Рустам Назаров, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, бо Н. Ҳисориев, аз ҲХДТ, ки номҳояшон ба баргаҳои интихоботӣ ворид карда шудаанд, ҷиҳати ба даст овардани раъйи бештари шаҳрвандон барои ноил шудан ба унвони вакили Маҷлиси намояндагони Маълиси олии Тоҷикистон дар рақобат истодаанд.


Соати 20-и бегоҳ раъйдиҳӣ анҷом ёфта, баъди аз тарафи комиссияҳои қитъавӣ пурра шумурда шудани баргаҳои раъй ва баровардани натиҷаҳои ниҳоӣ аз ҷониби комиссияҳои ҳавзавии интихобот вакилони нави Маҷлиси намояндагон маълум хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG