Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти як гурӯҳи террористӣ дар Тоҷикистон


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, гурӯҳеро боздошт кардааст, ки дар хориҷа таълими аъмоли террористӣ гирифта, вориди кишвар шудааст. Ба иттилоъи Маркази равобити иҷтимоии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон ин гурӯҳ аз панҷ шаҳрванди ноболиғ иборат буда, бо иттиҳоми убури ғайриқонунии марз ва омодагирӣ ба ҳамлаҳои террористӣ дар дохили кишвар боздошт шудааст.


Манбаъи мазкур бо сабаби идома доштани таҳқиқ, аз ифшои ҳама гуна тафсилот худдорӣ мекунад ва танҳо инро мегӯяд, ки наврасон дар яке аз кишварҳои исломӣ таҳсили илм мекарданд.


Гузориши Маркази равобити иҷтимоии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар телевизиони миллӣ пахш шуда, намояндаи марказ ин хабарро дар сӯҳбат бо хабарнигори ИТАР-ТАСС тасдиқ кардааст.


Хабари ҳабси як навраси тоҷик дар Покистон бо иттиҳоми узвият дар созмони террористӣ ду сол пеш тасдиқ нашуда монд, ҳарчанд гуфта мешуд, аз атфоли тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, теъдоде дар Покистон ва Афғонистон боқӣ мондаанд. Ахиран Вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида талошҳои Тоҷикистонро дар муборизаи зидди ваҳшатафканӣ мусбат арзёбӣ карда, ҳамзамон гуфт, Тоҷикистон як масири убури ғайриқонунӣ ё ба истилоҳ гузаргоҳи террористон мебошад.
XS
SM
MD
LG