Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сулҳ чист?


Салом ба ҳаводорони барномаҳои Радиои Озодӣ, ман ҳамчун хизматчии ҳарбӣ гуфтаниям, ки имрӯз халқи Тоҷикистон ва тоҷикони дунё шукр аз он мекунанд, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебаранд. Ин сулҳи тоҷиконро бо шарофати президенти кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон ба мо Худованд ато намуд, ман аввалан як ҷавони Тоҷикистон ва баъдан аз номи тамоми ҳамхизматонам ваъда медиҳем, ки баҳри нигоҳ доштани сулҳи ватани азизамон шабу рӯз хизмат мекунем ва намегузорем, ки ҳавои софу беғубори моро касе олуда созад.
Лейтенанти гвардия, Маҳмадуллои Самеъзод
--------------------------------------------

Замоне, ки сухан дар бораи сулҳ меравад, хеле хуб мешуд, ки мафҳуми сулҳ ба ҳамагон равшан мешуд. Оё сулҳ танҳо аз як ҷониб сурат мегирад, ё ин ки ду аз ду ҷониб? Оё сулҳ бидуни кадом шарту қонун ва аҳднома сурат мегирад? Оё агар хилофи ваъдаҳои хеш амал карда шавад, метавон онро сулҳ номид? Оё сулҳро метавонад як нафар кунад? Оё сулҳ танҳо амният ҳасту дигар ба ҳоли фарҳангиву таълимӣ, иқтимоиву иқтисодӣ ва сиёсии мардум таваҷҷӯҳе дода намешавад? Оё бадъи сулҳ шароити мардуми оддӣ беҳтар шудааст? Ва кӣ аз сулҳ фоида бардоштааст, мардуми оддӣ ё мансабдорон? Ва суолҳои зиёди дигар....

Дар ҷаҳони имрӯза сулҳҳои мухталифе сурат гирифтааст, амсоли кишвар бо кишваре, миёни мазоҳибу динҳое, ҳаракатҳои сиёсие, миёни қавмҳо, гурӯҳҳо ва ғайра...Лекин мутаассифона, хеле кам ба назар мерасад, ки ба аҳди хеш пойдор монда бошанд. Ба ҳар ҳол, сулҳи тоҷикон то андозае дар ҷаҳон ҷойгоҳи мушаххасе дошт, ки мавриди мутолиаи байналмилалӣ қарор гирифта буд. Лекин авомиле буруз кард, ки дар ҳоли он ҷойгоҳро аз даст додан аст.

Сулҳе, ки ягона беҳамто мондаасту ҳамвора мавриди истифода қарор гирифта ва дар таърихи башарият беназир боқӣ мондааст, сулҳе бо номи «Сулҳи Ҳудайбия» мебошад.
Агар ҳар яки мо солҳои 1996-1997-ро ба ёд дошта бошем, метавонем, ки шахси ватандӯст, ғамхори миллат ва пешвои қавмро мушаххас кунем. Ин соле буд, ки рӯз то рӯз ҳалқаи ҳукумат ба таври бесобиқа хурд карда мерафт, ва иддае аз мансабдорон омодаи тарки ватан буданд. Лекин сарфи назар аз ҳамаи ин, марҳум устод Абдуллоҳи Нурӣ, рӯҳашон шод бод, сулҳро муҳим донист. Барои ҳамин, раисҷумҳур устодро як шахси ватанпарасту миллатдӯст номид.

Ҳарчанд, сулҳ дар як чаҳорчӯбаи шарту қавонин ва аҳдномаҳои байналмилалӣ ба имзо расида буд, лекин то куҷо дар он аҳду паймон пойдор монд, ин ба ҳама ба мисли рӯзи равшан возеҳ аст. Устод С.А.Нурӣ ба он аҳднома садоқатмандона вафо кардаанд, тамоми нерӯи хешро ба ҳукумат пайваст кардаанд. Аммо ҳукумат, ки ваъдаи 30 дарсада ба мухолифин карда буд, онҳо ҳам то як муддати муддат кор карданд ва баъдтар ба қавле бо баҳонаи он ки аз ӯҳдаи кор набаромаданд, тамоми мухолифин аз қудрат барканор шуданд. Ва ягона қайрамони сулҳ худро ба воситаи пешхидматҳошоян эълон мекунанд. Оё метавонад сулҳро як ҷониб кунад? Ҳаргиз на, Агар чунин бошад, пас ҷониби муқобил кӣ аст ва сулҳ бо кӣ сурат гирифт? Чаро аз он тараф ному нишоне нест? Мебояд фикр кард!
Бо эҳтиром, Б. Мусофир
---------------------------------------

Ба номи Худо, салом
Ман тааҷҷуб аз баъзеҳо мекунам, ки ҳанӯзам нафаҳмиданд, ки ҷаноби Саид Абдуллоҳи Нурӣ чӣ кор кардааст. Ман инро ба итминони комил мегӯям, ки агар ҷаноби Нурӣ сулҳ намекард, оромиш ба кишвари мо боз намегашт. Бо баракати ин марди шариф аст, ки мо тоҷикон тавонистем аз Шӯравӣ ба кишварҳои чаҳон сафар кунем ва бо миллатҳои гуногун ошно шавем, шумо қабл аз инро ба ёд оваред, ки мо як сиёҳпустро медидем ҳайрон мешудем чашмҳои ҳама ба тарафи ӯ ва ангушти ҳайрат мегазидем. Ҳозир, ки бошад бароямон оддӣ шудааст, чун рафтем хориҷ аз Шӯравӣ чашмонамон боз шуд. Ман номаи бародар Суғдиро хондам. Ба ёди кампири ҳамсоямон афтодам ки мегуфт, Худо ғайбатш нашава, сифатш шава, баъд шурӯъ мекард ғайбат карданро.
Бо эҳтиром, Абдусамади Карим
---------------------------------------

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама каму костиаш чизе карда тавонист ва ӯ бояд, ки мағрур нашавад. Аз oн тоифаи бангиву роҳзани «Фронти халқӣ», ки умед дошт, ба ҳар ҳол тавонист онҳоро аз майдон берун кунад.
-------------------------------------------

Дар диёре, ки барги гули нилуфар дур аз ғубори борут месабзад сулҳ ҳукмрон аст. Дар мисоли Тоҷикистони азиз.
Ман ба иззати нафси касе расиданӣ нестам. Вале сиёсатшиносии баъзе рафиқон дар Майдони Баҳс афсонаи "Бойи золим ва калли зирак"-ро ба хотир мебиёрад. Ба бародар Рустами Дастон суоле дорам, Саид Абдуллоҳи Нурӣ сулҳро барои миллат "овард" ё барои 30-фоиза мансаб ба ҳампешагонаш? Агар Нурӣ сулҳро барои миллат "оварда" бошад, пас ҷанг намекард беҳтар буд.
Дар ин ҷо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат корнамоиҳое кард, ки ўро дар тамоми олам чун беҳтарин чеҳраи сиёсӣ муаррифӣ кард. Дар аввалҳо Раҳмон барои касе ошно набуд, вақте ў ба арсаи сиёсати бузург кашида шуд, дар сесияи ХVI соли 1992 дар Хуҷанд, Нурӣ мавқеи муаянеро соҳиб буд, метавонист пеш аз Раҳмон сари масоили сулҳ чораҷўӣ кунад, вале...
Дар ин ҷо ба фаъолияти сиёсии Раҳмон роҳбарии ў баъд аз соли 1999 инҷонибааш хатчадор мекунад. Агар баъди ба даст овардани сулҳ Раҳмон аз ҳокимият мерафт муҷассамаи ўро аз тиллои соф ҳам месохтанд, кам буд. Касе ки ба фаъолияти паш аз соли 1999-и Раҳмон баҳои манфӣ медиҳад, ба ақидаи ман душмани тоҷик аст.
Sugdi
--------------------------------------

27 июни 1997 Оштии миллӣ баста шуд, ки барои мо нафаси тоза дар шаҳри Душанбе бахшид. Миллати Тоҷикистон аз дӯсту душман хабардор шуд. Айби ҳамаи тоҷикистониҳо буд, номи ягон касро гирифтан даркор нест,чунки оштӣ кардем. Дар ватан мо ду ид дорем: 27 июн ва 9 сентябр. Зинда бод миллати Тоҷикистон!!!!!!
-------------------------------------

Эмомалӣ Раҳмон бо ҳама каму костиаш чизе карда тавонист ва ӯ бояд, ки мағрур нашавад. Аз он тоифаи бангиву роҳзани фронти халқӣ чунин умед бояд дошт, ба ҳар ҳол, Эмомалӣ тавонист онҳоро аз майдон берун кунад.
------------------------------------

Имрӯз аз сулҳ гап мезананду аз оштӣ, аз ягона қаҳрамони миллаи Раҳмонов. Вале ягон нафар ёд намекунад аз оне, ки ин сулҳ бо баҳои хуни 100000 тоҷик ба даст омад.
Беҳтарин чеҳраҳои миллат, ҷавонмардони асили баномӯс, поксиришту родмард ба хотири он худро қурбон карданд.
Сулҳи Тоҷикистон бисёр авомил дорад ва аз чеҳраҳои сиёсии ба мисли Раҳмонову Нурӣ вобаста набуд, он вақт як бозингаре буданд, ки хушбахтона ба мансаб расиданд ва ҳоло фақат онҳо мазаи ҷангу сулҳи курсиву мансабро мечашанд, дигар мардум ҳанӯз ҳам гушна, овора ва
Зиёда аз як миллион дар Россия ғуломи арбада. Бо ин ҳама мардум ором. Ин ҳам Худоба шукр.
------------------------------------

Сулҳ ин ормони зиндагӣ дар зери парчами хотирҷамъист, ки ҳама мавҷудоти олам дар такопӯи онанд. Аммо чи онро ба вуҷуд меорад? Ин суол барои ин саҳифа мантиқан дуруст хохад буд.
Гуфтан мумкин аст, ки сулҳ он бевосита АМНИЯТест, ки муҳити ичтимоиро аз қабили иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва маънавиёт таъмин карда тавонаду ҳаёти осоиштаро ба омма тақдим кунад. Танҳо дар ин ҳолат ба вуҷуд омадани сулҳи ҳақиқӣ имконпазир хоҳад буд. Дар ҳоле ки шикамҳо нағора зананду сарҳои мисли каду пур, вале пуч бошанд, хатари аз байн рафтани шахс ба вуҷуд меояд, ки он худ гувоҳи муташанниҷ будани вазъият аст.
Пас сулҳ куҷо боқӣ мемонад?
----------------------------------

Ҳамагон ба мафҳуми сулҳ дуруст сарфаҳм мераванд. Аммо ман тарс аз он дорам, ки ин осоишатигиро аз даст надиҳем. Зеро норозигии мардум аз ҳукумати Эмомалии Раҳмон авҷ гирифтаааст ва ман метарсам, ки боз ба ҷангу хунрезӣ барнагардем. Худо нишон надиҳад дигар ҷангро. Аммо бояд ҳукуматдорон низ дар фикри мардум бошанд.
Бояд ба ришвахорӣ ва маҳаллгароӣ дар сатҳи ҳукумат хотима дод. Байни мардуми одӣ ваҳдати миллӣ кайҳост, ки барқарор аст. Ҳар гапе, ки ҳаст, танҳо дар ҳукумат ҳаст.

Шокир, Кулоб
---------------------------------------

Мафҳуми сулҳро ҳамагӣ дар мактабҳои миёна ба таври назариявӣ омӯхта будем. Ва дар амал ҳам дидем, ки сулҳ, яъне чӣ. Ба ростӣ, иқдомҳое, ки ахиран аз тарафи ҳукуматдорон рӯи даст гирифта мешаванд, сулҳи кишварро зери хатар мегузорад. Набошад бо ҳиҷоб рафтани духтарон ба дарс, масҷид рафтану аз домуллоҳо омўхтани наврасон чӣ зарар дорад, ки ин қадар ҳукуматдорон метарсанд. Хеле хурсандам, ки марҳум Саид Абдуллоҳи Нурӣ тавонист бо мадади Худованд ва ёронаш сулҳро ба тоҷикон ҳадя кунад. Шогирдону пайравонашон низ таҳти сарпарастии дӯсти наздик ва ёру бародараш ҷаноби Муҳаммадшариф Ҳимматзода роҳи ӯро идома дода истодаанд. Ин фоли нек аст. Вале аз суханронии Президент дар ҳайратам, ки то ҳол намефаҳмад, ки Тоҷикистонро аз парокандашавӣ маҳз сулҳи Нуриву ёронаш наҷот дод, на ӯву думравонаш.
Рустами Дастон
-----------------------------------

Ба номи Худо салом.
Сулҳ як маънои ом ва густардаеро дорад, ки созиши байни ту тараф дар тамоми корҳоро сулҳ мегӯянд, вале он як маънои хосе дорад, ки ҳаргоҳ мо калимаи "Сулҳ"-ро мешунавем, созиши байни ду тарафи даргир ба зеҳни мо меорад. Мо набуди ҷангро наметавонем сулҳ гӯем, чаро ки сулҳ як чизи интизоъӣ ҳаст, яъне аввал ду
тараф бошаду байни онҳо даргирӣ бошад, ҳар гоҳ якдигарро фаҳмиданд, ин ҷо сулҳ ба вуҷуд меояд.
Бо эҳтиром Абдусамади Карим.
------------------------------------------------------------

Сулҳ баҳорест баҳор оварад,
Равнақу шодиву барор оварад.
Ба ҳамагон маълум аст, кишвари мо баъди истиқлолаш роҳи хеле сахт ва дарднокеро тай намуд ва он сабаби омӯзиш ва қадршиносии сулҳи тоҷикон аз тарафи мардуми ҷаҳон гардид. Роли асосиро дар ин сулҳ марҳум устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва раиси кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии тамоми рӯшанфикрони Ватан иҷро карданд ва кори ин донишмандон сазовори ҳар намуд ҷоиза ба ҳисоб меравад.
Бо эхтиром, Мирсаид.
-------------------------------------------

Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Гуфта буд Абушакури Балхӣ ва ман ба ин суханҳо чизе намеафзоям.
Мирсаид
-------------------------


Салом. Сулҳ ин мувофиқа байни ду ҷиноҳи даргир мебошад ва, агар як тарафи муқобил ба он мувофиқ набошад, ҳеч гоҳ сулҳ ба миён намеояд. Тоҷикистон 10-умин солгарди сулҳро таҷлил мекунад, вале чунин ба назар мерасад, ки сулҳи Точикистон гӯиё фақат тарафи ҳукумат инро ба даст овардааст. Ин на онқадар воқеият дорад. Зеро агар ҷаноби Нурӣ ва тарафдорони ӯ намехостанд ҳеҷ гоҳ ин сулҳ ба даст намеомад. Имрӯз дар радио ва телевизион дар мавриди сулҳ фақат аз Эмомалӣ Раҳмон сухан меронанд ва аз дигарон ҳарфе ҳам намезананд.
Бо умеди пойдории сулҳ дар Тоҷикистон, Наср.
--------------------------------------------------------------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаъор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG